Дар варзишгоҳ дастаҳои мунтахаби минтақаҳо, инчунин ғолибони Бозиҳои Осиё ва Параосиё дар соли 2026 саф оростанд.

Сарвари давлат зимни суханронӣ иштирокдоронро бо Олимпиадаи Президентӣ, ки бори дуюм гузаронида мешавад, табрик гуфт.

Дар мусобиқаҳои имсола беш аз 3,5 ҳазор варзишгари ҷавон аз рӯйи 26 намуди варзиши олимпӣ ва паралимпӣ рақобат мекунанд. Ба онҳо 1,5 ҳазор мураббӣ ҳамроҳӣ менамояд.

Президент таъкид кард, ки дар мамлакат низоми ягонае ташаккул ёфтааст, ки тамоми марҳилаҳоро аз варзиши оммавӣ то варзиши касбӣ, аз интихоби истеъдодҳо то омодасозии онҳо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ фаро мегирад. Дар даҳ соли охир варзишгарони ӯзбекистонӣ дар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ 5 518 медал, аз ҷумла 1 675 медали тилло ба даст овардаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба даҳсолаи қаблӣ се баробар зиёд аст. Сеяки медалҳо ба ҳиссаи бонувони варзишгар рост меояд.

Гуфта шуд, ки чанде пеш дастаи писарон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар Самарқанд доир гардид, бори дуюм ғолиб шуданд. Дар Бозиҳои XX тобистонаи Осиё, ки дар Ҷопон баргузор шуданд, дастаи мунтахаби Ӯзбекистон 21 медали тилло, 25 нуқра ва 24 биринҷӣ ба даст оварда, дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми панҷумро ишғол кард.

Ҷасорат ва маҳорати параварзишгарони кишвар низ арзёбӣ гардид. Онҳо дар Бозиҳои параосиё 45 медали тилло, 49 нуқра ва 51 биринҷӣ, дар маҷмӯъ 145 медал ба даст оварда, дар ҳисоби умумидастаӣ ҷойи сеюмро ишғол карданд.

Сарвари давлат ба варзишгарон, устодону мураббиёни онҳо, инчунин ба падару модароне, ки орзуву ҳавасҳои фарзандонашонро дастгирӣ мекунанд, изҳори сипос намуд.

Таъкид гардид, ки Ӯзбекистон ба маркази баргузории мусобиқаҳои бузурги байналмилалии варзишӣ табдил меёбад. Дар чор соли охир дар кишвар қариб 20 мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ва осиёӣ ташкил карда шуд. Моҳҳои сентябр-октябри соли оянда Ӯзбекистон бори аввал якҷоя бо Озарбойҷон ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол миёни бозигарони то 20-сола мизбонӣ менамояд.

Президенти кишвар ба варзишгарони ҷавон муроҷиат карда, таъкид намуд, ки натиҷаҳои баланд бо иродаи қавӣ, интизом ва меҳнати пайваста ба даст меоянд.

– Ба худ бовар кун! Барои такмили маҳорат талош намо! Ба Ватани худ муносиб бош! Ин суханон ба шиори зиндагии ҳар яки шумо табдил ёбанд, – гуфт Сарвари давлат.

Барои иштирокдорони Олимпиадаи Президентӣ имконияту имтиёзҳои нав эълон гардиданд. Аз соли оянда миқдори мукофотпулии ғолибону ҷоизадорон 2,5 баробар зиёд карда мешавад: барои ҷойи якум 25 миллион сӯм, ҷойи дуюм 12 миллион сӯм ва ҷойи сеюм 6 миллион сӯм мукофоти пулӣ пешкаш мегардад.

Хатмкунандагони мактабҳое, ки дар мусобиқа ғолиб омада, рекорди Ӯзбекистонро нав мекунанд, ба муассисаҳои таълими олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои варзишӣ бидуни имтиҳон ва дар асоси гранти давлатӣ қабул мешаванд. Дар оянда намудҳои варзиш ба 35 расонида шуда, дар он донишомӯзони аз 14 то 17-сола иштирок мекунанд.

Ҳар сол 50 нафар аз ғолибони Олимпиада барои иштирок дар ҷамъомадҳои байналмилалии таълимию тамринӣ ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Аз соли оянда ба ғолибон стипендияи яксола таъин мегардад. Мактабҳои варзишие, ки дар самти фаъолияти худ натиҷаҳои беҳтаринро ба даст меоранд, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мешаванд.

Инчунин, гуфта шуд, ки Осорхонаи шуҳрати олимпии пойтахт ба Шаҳраки олимпӣ кӯчонида мешавад. Ин иқдом ба варзишгарони ҷавон имкон медиҳад, ки бо таъриху дастовардҳои қаҳрамонҳои кишвар аз наздик шинос шаванд.

Президенти кишвар аз ҷавонон даъват кард, ки аз имкониятҳои фароҳамошуда босамар истифода баранд, ҳалол рақобат кунанд ва падару модару устодони худро қадр намоянд.

– Дар майдони мусобиқа рақиби арзанда ва дар зиндагӣ бошад, дӯсти хуб бошед, – гуфт Сарвари давлат.

Сипас, Президент Шавкат Мирзиёев Олимпиадаи Президентии соли 2026-ро расман кушода эълон кард. Суруди миллӣ садо дод.

Маросим бо барномаи консертӣ идома ёфт. Дар анҷоми чорабинӣ машъали Олимпиадаи Президентӣ фурӯзон карда шуд.