Дар майдони назди қароргоҳ дастаи қаровули фахрӣ саф орост. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмони олимақомро самимона истиқбол намуда, ӯро ба шоҳсуфа даъват кард.
Сурудҳои миллии Ӯзбекистон ва Олмон садо доданд. Сарони давлатҳо аз назди сафҳои қаровули фахрӣ гузашта, ҳайатҳои расмии кишварҳои худро ба ҳамдигар муаррифӣ карданд.
Пас аз анҷоми маросим ва аксбардории муштарак, музокироти сатҳи олӣ оғоз гардид.