Имрӯз
дар Маркази байналмилалии конгрессии пойтахт маросими тантанавии супоридани ин
мукофотҳо баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок намуд.
Сарвари
давлат зимни суханронӣ таъкид кард, ки қудрати ҳар як кишвар на танҳо бо
нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, балки бо сатҳи маънавият, фарҳанг, адабиёт ва санъати
он низ муайян мегардад.
–
Овози миллате, ки адабиёти ғанӣ, мусиқии дилнишин, театри пурмазмун, синамои
пуриқтидор ва илҳомбахш ва санъати ҷаззоб дорад, ҳамеша дар ҷаҳон нуфуз ва аҳамияти
хос хоҳад дошт, – гуфт Президент.
Дар
ин замина таъкид гардид, ки дар раванди бунёди Ӯзбекистони Нав фазои фарҳангие
ташаккул дода мешавад, ки ба тарбияи маънавию ахлоқии инсон мусоидат менамояд. Ҳамчунин
нақши беназири намояндагони зиёиён, нависандагон ва шоирон, аҳли фарҳанг ва
санъат, инчунин намояндагони саноати эҷодӣ дар ин раванд махсус зикр шуд.
Президенти
кишвар махсусан қайд кард, ки маҳз ба шарофати меҳнати фидокоронаи аҳли эҷод
дар ҷомеа худшиносии миллӣ таҳким меёбад, ҷаҳонбинии мардум васеъ мешавад ва
дар қалби ҷавонон арзишҳои некиву инсондӯстӣ, ватандӯстӣ ва башардӯстӣ ҳарчи
бештар ҷой мегиранд.
Сарвари давлат бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки 167 нафар
намояндагони барҷастаи соҳаҳои фарҳанг, санъат ва адабиёт бо мукофотҳои олии
давлатӣ сарфароз гардиданд. Дар байни онҳо нависандагон ва шоирон, овозхонон ва
навозандагон, устодони санъати рақс, ҳунармандони опера ва оҳангсозон, аҳли
театр, кино ва сирк, бахшиҳо ва устодони аския, ҳунармандон ва рассомон,
кормандони муассисаҳои мероси фарҳангӣ, осорхонаҳо ва китобхонаҳо, омӯзгорон ва
мураббиён ҳастанд, ки бо фаъолияти чандинсолаи пурсамари худ дар рушди иқтидори
фарҳангӣ, ҳунарӣ ва зеҳнии халқи мамлакат саҳми бузург гузоштаанд.
Ҳамзамон ба хотираи неки шахсиятҳои барҷастаи адабиёт,
фарҳанг ва санъат, ки имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд, вале бо сухан, тарона, оҳанг
ва тамоми зиндагии эҷодии худ дар қалби мардум ҷовидона мондаанд, эҳтироми амиқ
баён гардид. Аз ҷумла, 24 нафар аз онҳо пас аз вафот бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ
шуданд.
– Эътирофи
шоистаи хизматҳои ҳар як инсон дар кишвари мо, ҳатто агар ӯ аз миёни мо рафта
бошад ҳам, вазифаи ахлоқии мост. Ин ба арзишҳои маънавии мардуми мо, ки хотираи
гузаштагонро амиқан гиромӣ медоранд, комилан мувофиқ аст, — таъкид намуд Шавкат
Мирзиёев.
Дар ҷараёни маросим Президент ба мукофотонидашудагон
нишони унвонҳои фахрӣ, орденҳо ва медалҳоро тантанавор супорид.
Сарвари давлат аз номи тамоми мардуми кишвар
мукофотгирандагонро самимона табрик гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки чунин қадрдонии
баланд онҳоро барои дастовардҳои нави эҷодӣ рӯҳбаланд хоҳад кард.
Намояндагони фарҳанг ва санъат барои эҳтиром ва таваҷҷуҳи
баланд, инчунин барои фароҳам овардани имкониятҳои васеъ ҷиҳати рушди фарҳанг
ва дастгирии аҳли эҷод ба роҳбарияти кишвар изҳори сипос намуданд.