Роҳбари Ӯзбекистон таъкид намуд, ки ширкат яке аз бузургтарин сармоягузорони Корея дар кишвари мо ба шумор рафта, тайи солҳо ҳамкориҳои самарабахшро пеш мебарад. Дар ин замина, фаъолияти бомуваффақияти маҷмааи газу кимиёи Устюрт махсус қайд гардид.

Масъалаҳои татбиқсозии лоиҳаҳои девелоперӣ дар кишварамон дар заминаи технологияҳои пешрафтаи Корея, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳо дар самти истеҳсоли фолгаи мис баррасӣ гардиданд.

Президенти кишвар нақшаҳои ширкатро ҷиҳати идоракунии марказҳои сайёҳии мамлакат ва баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ дар соҳаи тиҷорати меҳмонхона дастгирӣ намуд.

Дар анҷом аз рӯйи таъсиси гурӯҳи корӣ бо мақсади мониторинги раванди татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба ба мувофиқа расиданд.