Сарвари давлат таъкид кард, ки имрӯз ҷаҳон босуръат тағйир меёбад ва технологияҳои рақамӣ, гадҷетҳои муосир ва зеҳни сунъӣ ҳарчи бештар ба зиндагии мо ворид мешаванд. Дар чунин шароити мураккаб муҳимтарин бартарӣ қобилияти инсон ба тафаккури мустақил мебошад.

– Инсони китобхон дорои тафаккури амиқ ва солим аст. Ва инсон бо чунин шуур метавонад ҷомеаро тағйир диҳад, – гуфт Президент.

Таъкид гардид, ки дар Ӯзбекистони Нав фарҳанги китобхонӣ ва таваҷҷуҳ ба китоб ба сатҳи сиёсати давлатӣ бароварда мешавад. Муҳаббат ба китоб на танҳо масъалаи маориф, балки омили муҳиме мебошад, ки ояндаи миллат, нерӯи маънавии мардум ва рақобатпазирии кишварро муайян мекунад.

Сарвари давлат зикр намуд, ки аҷдодони бузурги мо – Имом Бухорӣ, Муҳаммад Хоразмӣ, Аҳмад Фарғонӣ, Алишер Навоӣ, Мирзо Улуғбек ва дигар мутафаккирон дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми бузург гузоштаанд. Манбаи асосии расидани онҳо ба чунин қуллаҳои баланд талош ба дониш ва мутолиаи китоб буд.

Барои он ки кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати пурқудрат ва дорои иқтидори баланд муаррифӣ гардад, бояд ба ду пояи устувор такя кунад. Инҳо мероси бебаҳои илмӣ ва маънавии мо, инчунин донишҳои муосир ва технологияҳои пешрафта мебошанд.

Президенти кишвар таъкид кард, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияташ ба ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ, ташаккули муҳаббат ва шавқу рағбати онҳо ба дониш аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Озмуни «Китобдӯсти ҷавон», ки аз соли 2017 баргузор мегардад, имкон дод, ки миллионҳо ҷавонон ба китоб рӯ оваранд. Озмуни «Оилаи ҷавони китобхон» бошад, барои густариши фарҳанги китобхонӣ дар ҳар хонадон мусоидат мекунад.

Дар асоси қароре, ки аввали соли ҷорӣ қабул гардид, низоми нави дастгирии фаъолтарин хонандагон ҷорӣ шуд. Ба қарибӣ марҳилаи навбатии озмуни ҷумҳуриявии «Китобдӯсти ҷавон» ба анҷом расид, ки дар он 42 нафар ҷавонписарону духтарони донишманд аз тамоми минтақаҳои кишвар иштирок намуда, қобилият ва истеъдоди худро нишон доданд. Се ғолиби озмун бо туҳфаи Президент – автомобилҳои муосир сарфароз гардонида шуданд.

Сарвари давлат ғолибон, устодон ва волидони онҳоро самимона табрик гуфта, таъкид кард, ки чунин ҷавонони боистеъдод, ташаббускор ва донишҷӯ такягоҳи воқеии Ӯзбекистони Нав мебошанд.

Дар ҷараёни маросим ба таҷрибаи байналмилалии рушди фарҳанги китобхонӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Аз ҷумла, қайд шуд, ки барномаи «Челленҷи китобхонии арабӣ», ки соли 2015 бо ташаббуси Муҳаммад бин Рошид Ол Мактум дар Амороти Муттаҳидаи Араб роҳандозӣ гардидааст, имрӯз ба яке аз бузургтарин ҳаракатҳои маърифатпарварона дар ҷаҳон табдил ёфтааст. Дар муддати кӯтоҳ ин ташаббус беш аз 200 миллион хонандаро фаро гирифтааст.

Дар доираи дӯстии наздик ва шарикии стратегии байни Ӯзбекистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб қарор қабул гардид, ки ин ғояи наҷиб дар кишвари мо дар асоси мероси маънавии миллӣ ба сатҳи нав бароварда шавад.

Бо ҳамин мақсад барномаи «Ҳаракати миллии китобхонӣ» оғоз мегардад. Сарвари давлат қайд кард, ки як рӯз пеш оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи давлатии ин барнома фармоиши алоҳида ба имзо расонида шуд.

Акнун марҳилаи ниҳоии ин чорабинӣ ҳар сол дар сатҳи Президент баргузор мегардад. Ҳаҷми умумии фонди солонаи ҷоизаҳои барнома 240 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Дорандаи ҷоизаи асосӣ 50 ҳазор доллар дарёфт мекунад. Ин бузургтарин ҷоиза дар таърихи кишвари мо дар самти дастгирии китобхонӣ хоҳад буд.

Ин ҳаракат тамоми минтақаҳои кишварро фаро мегирад. Дар он хонандагон аз синфҳои 1 то 11-уми мактабҳои таҳсилоти умумӣ метавонанд иштирок намоянд.

Президент таъкид кард, ки ин ташаббус ба таҳкими фарҳанги китобхонӣ дар мактаб, оила ва тамоми ҷомеа, инчунин ба бедор шудани рӯҳияи нави созанда дар байни ҷавонон мусоидат хоҳад кард.

– Ман ин барномаро на танҳо ҳамчун мусобиқаи китобхонӣ, балки ҳамчун сармоягузории стратегӣ ба ояндаи Ватани худ арзёбӣ мекунам. Агар мо имрӯз ба дасти кӯдакон китобҳои хуб диҳем, фардо онҳо ҳатман метавонанд ояндаи бузурги Ӯзбекистони Навро бунёд намоянд, – гуфт сарвари давлат.

Дар ҷараёни маросим Президенти кишвар ҳамаи хонандагон, омӯзгорон, волидон ва ҷомеаи васеъро даъват намуд, ки дар ҳаракати умумимиллӣ фаъолона иштирок кунанд.

Таъкид гардид, ки миллате, ки китоб мехонад, ба дониш саъй менамояд ва ба ормонҳои баланд арҷ мегузорад, ҳеҷ гоҳ мағлуб нахоҳад шуд. Ҳамчунин муҳимияти дар сатҳи умумимиллӣ ба ҳаёт татбиқ намудани ғояи аҷдодони маърифатпарвари мо – «Ҷуз дониш роҳи дигари наҷот вуҷуд надорад ва буда ҳам наметавонад» таъкид гардид.