Солҳои охир дар ин самт корҳои бонизом
амалӣ гардиданд, бахусус фаъолияти комиссияҳои махсус ва минтақавӣ оид ба
мубориза алайҳи иқтисоди пинҳонӣ роҳандозӣ шуданд, дар мақомоти андоз ва гумрук
низоми таҳлили хатар ва сегментатсия ҷорӣ гардида, як қатор «холигӣ»-ҳои қонунгузорӣ,
ки ба гардишҳои пинҳонӣ имкон медоданд, бартараф шуданд, ҳамзамон, чораҳои ҳавасмандгардонии
соҳибкорони риоякунандаи қонун боз ҳам тақвият ёфтанд.
Дар натиҷаи чораҳои татбиқшуда, тайи ду
соли охир ҳиссаи иқтисоди ғайрирасмӣ аз 35 то 23 фоиз коҳиш ёфта, ба буҷет 38
триллион сӯм маблағи иловагӣ ворид гардид, шумораи аҳолии расман шуғлдошта аз
8,5 миллион нафар афзуд ва маоши миёнаи расмӣ қариб ба 6,5 миллион сӯм расид.
Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам ҳиссаи иқтисоди
пинҳонӣ баланд боқӣ мемонад. Тибқи арзёбиҳои оморӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ
ҳаҷми иқтисоди ғайрирасмӣ дар соҳаи кишоварзӣ 81,1 триллион сӯм, дар савдо ва
хидматрасонӣ 24,5 триллион сӯм, дар сохтмон 23,9 триллион сӯм ва дар саноат 6,7
триллион сӯмро ташкил додааст.
Иқтисоди пинҳонӣ дар баробари кам шудани
даромадҳои буҷет, ба муҳити рақобати солим дар мамлакат низ таъсири манфӣ
мерасонад, ба туфайли шуғли ғайрирасмӣ сатҳи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандонро поин
мебарад ва имкон намедиҳад, ки аҳолӣ (истеъмолкунандагон) ва субъектҳои соҳибкорӣ
аз кафолат ва механизмҳои дастгирии дар қонун пешбинишуда пурра истифода
намоянд.
Дар мамлакат то соли 2030 ду баробар кам
кардани ҳаҷми иқтисоди пинҳонӣ, ба 14 миллион расонидани шумораи аҳолии расман
шуғлдошта ва то 75 фоиз баланд бардоштани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ ҳамчун
мақсад муайян гардидааст.
Сарвари давлат дастур дода буд, ки бо
истифода аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ платформаи ягонаи рақамӣ таъсис дода шавад,
ки дар он хавфи иқтисоди пинҳонӣ, талафоти эҳтимолии буҷет ва манбаъҳои
иловагии даромад аз рӯи соҳа ва минтақаҳо инъикос гардида, бо кумаки ин
платформа омилҳои ба вуҷуд омадани гардиши пинҳонии маблағҳо бояд муайян ва
бартараф карда шаванд.
Дар муаррифӣ дар бораи имкониятҳои
платформаи «Харитаи иқтисоди пинҳонӣ», ки аз ҷониби Прокуратураи генералӣ маҳз
бо ҳамин мақсад созмон ёфта, ба таври озмоишӣ мавриди истифода қарор
гирифтааст, маълумот дода шуд.
Платформа барои муайян намудани хавфи
гардиши пинҳонӣ дар 22 соҳаи асосии иқтисодиёт, 85 бахш, 14 минтақаи маъмурӣ ва
208 шаҳру ноҳия хидмат намуда, тавассути назорати бартарафсозии онҳо аз ҷониби
мақомоти масъул ба афзоиши даромади буҷет ва дастгирии рақобати солим мусоидат
менамояд.
Барои омодасозии платформа як гурӯҳ
мутахассисони ботаҷрибаи соҳаҳои андоз, гумрук, молия, иқтисодиёт, омор,
эконометрика ва назарияи эҳтимолият ҷалб гардида, зиёда аз 100 меъёри баҳодиҳии
хатар таҳия шудаанд, инчунин, барои ҳар яке бо назардошти хусусиятҳои хосаи
минтақа ва соҳаҳо, низоми андозбандӣ, гардиши мол, аҳамият барои буҷет ва дигар
омилҳо нишондиҳандаҳои инфиродӣ муайян карда шудаанд.
Бо мақсади муайян намудани хавфи иқтисоди
пинҳонӣ ва талафоти эҳтимолии буҷет дар соҳа ва минтақаҳо, ба платформа системаҳои
иттилоотии 16 вазорату идораи масъул ҳамгиро карда шуда, имкони коркарди тамоми
маълумот дар реҷаи вақти воқеӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар асоси таҳлилҳои платформа, вобаста ба
сатҳи хатари иқтисоди пинҳонӣ ва ҳаҷми талафоти эҳтимолии буҷет, соҳа ва минтақаҳо
ба таври худкор ба тоифаҳои «сабз», «зард» ва «сурх» ҷудо карда мешаванд.
Тавассути ин платформа хатарҳое чун
фаъолияти бидуни иҷозатнома, пинҳон кардани гардиши воқеии маблағҳо, ҷойҳои корӣ
ва фонди музди меҳнат, паст нишон додани сатҳи даромаднокӣ ва фоида ба таври
худкор муайян карда мешаванд.
Дар ҷараёни тақдимот масъалаи бо истифода
аз имкониятҳои платформа ва тавассути рақамикунонии назорати прокурорӣ, ба марҳилаи
нав баровардани ин раванд пешниҳод гардид.
Дар ин раванд нерӯ ва воситаҳои вазорату
идораҳои барои мубориза бо иқтисоди пинҳонӣ масъул дар асоси таҳлилҳои
платформа ба самтҳои мушаххас равона гардида, дар назорати онҳо омили инсонӣ
боз ҳам кам карда мешавад. Соҳа ва минтақаҳое, ки хатари иқтисоди пинҳонӣ
баланд аст, автоматӣ муайян гардида, сабабҳо таҳлил мешаванд, ба идораҳои
масъул супоришҳои мушаххас дода шуда, иҷро таҳти назорат қарор мегирад ва натиҷаҳо
арзёбӣ мешаванд.
Агар мушкил дар сатҳи ноҳия ё шаҳр ҳал
нагардад, масъала ба сатҳи вилоят ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба сатҳи ҷумҳуриявӣ
бароварда мешавад. Тавассути низом сабабҳои аслии муаммо муайян гардида, оид ба
бартараф намудани он, такмил додани қонунгузорӣ ва афзоиши даромади буҷет пешниҳодҳо
таҳия карда мешаванд.
Сарвари давлат бори дигар таъкид намуд, ки
барои кам кардани иқтисоди пинҳонӣ диққати асосӣ бояд ба рақамикунонӣ, тақвияти
мубодилаи маълумот, коҳиш додани омили инсонӣ ва ташкили назорати ҳадафманд
равона карда шавад.
Ба масъулон супориш шуд, ки то 1 октябр
беш аз 70 низоми иттилоотиро ба платформа ҳамгиро намоянд, то 1 январ ҳамаи
минтақа ва соҳаҳоро фаро гирифта, пурра мавриди амал қарор диҳанд.
Инчунин вазифа гузошта шуд, ки барои ҳамаи
субъектҳои соҳибкорӣ шароити баробари рақобат фароҳам оварда, ҷиҳати баланд
бардоштани масъулияти мутасаддиён дар кам кардани иқтисоди пинҳонӣ назорати
прокурориро пурзӯр намоянд.