Зимни мулоқот дурнамои татбиқсозии лоиҳаҳои бузурги ҳамкорӣ бо ин корпоратсияи пешқадами ИМА баррасӣ гардид.

Сарвари давлат самтҳои афзалиятноки ҳамкориро муайян намуд. Бахусус, тавсеаи шарикӣ дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, металлургия ва сохтмон, инчунин ҷорӣ намудани таҷрибаҳои рақамӣ дар инфрасохтори шаҳрӣ пешбинӣ шудааст.

Дар анҷоми музокирот бобати қабули «харитаи роҳ»-и муштарак ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанба ба мувофиқа расиданд.

«Eldridge Industries» ширкати сармоягузории ИМА аст, ки дар соҳаҳои идоракунии дороиҳо, суғурта, амволи ғайриманқул, инфрасохтор, технология, варзиш ва расонаҳо фаъолият пеш мебарад. Дороиҳоро ба маблағи беш аз 75 миллиард доллар дар ихтиёр дорад.