Сарвари давлати мо таъкид намуд, ки интихоботи баргузоршуда бори дигар фарҳанги баланди сиёсӣ ва ҳамбастагии шаҳрвандии ҷомеаи Русияро ба таври возеҳ нишон дод.

Иштироки рекордии интихобкунандагон ва натиҷаҳои овоздиҳӣ нишонаи эътимоди баланд ва дастгирии бечунучарои шаҳрвандони Русия аз сиёсати стратегии таҳти роҳбарии Президенти Русия Владимир Путин арзёбӣ шудаанд, ки ба идомаи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ равона шудааст.

Президенти Ӯзбекистон бо қаноатмандии амиқ рушди бесобиқаи муносибатҳои шарикии стратегии ҳамаҷониба ва ҳампаймонӣ миёни ду кишварро таъкид намуд. Зикр гардид, ки ҳамкории байнипарлумонӣ, ки дар робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ҷойгоҳи хос дорад, минбаъд низ ба татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳо ва барномаҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо саъю кӯшиши муштарак ба ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Ӯзбекистону Русия такони пурқувват бахшида, онро бо ташаббусҳои нав ба хотири шукуфоии кишварҳо ва некӯаҳволии халқҳо ғанӣ гардондан мумкин аст.

Дар фарҷом Президент Шавкат Мирзиёев ба Президент Владимир Путин саломатии бардавом ва комёбиҳои нав дар фаъолияти давлатӣ, инчунин ба мардуми дӯсти Русия сулҳу осоиш, некӯаҳволӣ ва пешрафт орзу намуд.