Султони Уммон сарвари давлати моро самимона хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки ин сафар ба манфиатҳои мардумони ҳар ду кишвар хизмат хоҳад кард.
Президенти кишвари мо барои пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуда, итминон баён кард, ки ин сафар қадами муҳим дар роҳи ба сатҳи боз ҳам баландтар баровардани муносибатҳои дуҷониба хоҳад гардид.
Таъкид гардид, ки солҳои охир муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва Уммон фаъолона рушд ёфта, муколамаи сиёсӣ таҳким меёбад ва робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин фарҳангиву гуманитарӣ пайваста густариш меёбанд.