Дар чорабинӣ Роҳбари давлат намояндагони васеи ҷомеаро, ки дар студияҳои минтақаҳо ҷамъ омада буданд, тавассути онҳо тамоми мардуми кишварро ба муносибати фарорасии ҷашни бузург табрик намуд.
Тӯли даҳ соли сипаришуда дар Ӯзбекистон ҷиҳати арҷгузорӣ ба қадри инсон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ислоҳоти густурда амалӣ гардиданд. Барои рушди соҳибкорӣ роҳи васеъ боз шуда, дар самти диверсификатсияи иқтисодиёт, офаридани шабакаҳои рақобатпазири саноатӣ ва беҳбуди инфрасохтори ноҳияву деҳоти дурдаст корҳои бузург анҷом ёфтанд. Таваҷҷуҳ ба соҳаҳои таълим, тандурустӣ ва фарҳанг ба марҳалаи нав баромад.
– Даҳ соли охир дар таърихи мамлакати мо ҳамчун марҳалаи бунёди таҳкурсии давраи нави Эҳё – Ренессанси сеюм абадан нақш баст, – гуфт Президент.
Дар ин давра ҳаҷми иқтисодиёти мамлакат беш аз 2,5 баробар афзуд. Ба шабакаҳои иқтисодиёт 160 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб гардида, 2 ҳазору 163 лоиҳаи бузурги саноатӣ бо арзиши умумии 76 миллиард доллар мавриди истифода қарор гирифт ва қариб 6 миллион нафар аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Алҳол дар кишварамон бо иштироки ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳон, сармоягузорони бузург ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ лоиҳаҳои зиёд амалӣ мешаванд. Бо афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ, намои саноати кишвар низ куллан тағйир меёбад.
– Мо аз давлате, ки ашёи хом содир мекард, ба иқтисодиёте мегузарем, ки тавассути коркарди амиқи он маҳсулоти тайёрро ба бозори ҷаҳонӣ мебарорад. Муҳимтар аз ҳама, якҷо бо таъсиси корхонаҳои нав, технологияҳои замонавӣ, касбҳои нав ва ҷойҳои кори дорои тахассуси баланд низ пайдо мешаванд, – гуфт сарвари давлат.
Танҳо дар соли ҷорӣ 56 иншооти бузурги муосири саноатӣ ва хидматрасонӣ бо арзиши 1,7 миллиард доллар ба фаъолият шурӯъ намуда, 8,8 ҳазор ҷойи кори сердаромад таъсис ёфт.
Инчунин, аз ҳисоби 46 триллион сӯми маблағҳои буҷетӣ 385 мактаб, 113 кӯдакистон, 81 беморхона, 7,5 ҳазор километр роҳ ва 3,2 ҳазор километр шабакаҳои оби ошомиданӣ ва партовоб сохта шуданд, таъмир ва таҷдид гардиданд.
Дар маросими имрӯза дар тамоми минтақаҳои мамлакат 72 лоиҳаи бузурги саноатӣ ва хидматрасонӣ ва 91 иншооти соҳаи иҷтимоӣ бо арзиши умумии қариб 50 триллион сӯм ба истифода супурда шуданд. Ифтитоҳи онҳо ба ҷашни Истиқлол туҳфаи арзанда гардид.
Аз ҳисоби лоиҳаҳои нав 15 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфта, ҳамасола воридоти 1 триллион сӯми иловагӣ ба буҷет таъмин карда мешавад.
Лоиҳаҳои сармоягузорӣ соҳаҳои муҳиме чун энергетика, кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ, металлургия, автомобилсозӣ, электротехника, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, саноати кӯҳӣ, нассоҷӣ ва саноати сабукро фаро мегиранд.
Аз ҷумла, дар вилояти Сирдарё иқтидори истеҳсоли 1 ҳазору 573 мегаватт неруи барқ, дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон неругоҳи бодии дорои иқтидори 200 мегаватт ва низоми захиракунии энергия бо иқтидори 100 мегаватт мавриди истифода қарор гирифтанд. Лоиҳаҳои нави энергетикии вилояти Навоӣ ҳамасола 657 миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол хоҳанд кард.
Дар байни ин лоиҳаҳо иқтидорҳое низ ҳастанд, ки тавоноии содиротии кишварамонро ба таври назаррас афзоиш медиҳанд. Корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, трикотажӣ ва қолин, ки дар вилоятҳои Андиҷон, Намангон ва Ҷиззах ба истифода дода шуданд, содироти миллион долларинаро таъмин хоҳанд кард. Корхонаҳои нави металлургӣ, ки дар вилоятҳои Самарқанд ва Тошканд бунёд шудаанд, ҳам барои густариши кооператсияи саноатӣ ва ҳам баҳри ҷойгузин намудани воридот хидмат мекунанд.
Президент таъкид намуд, ки лоиҳаҳои имрӯзаро набояд танҳо бо нишондиҳандаҳои сармоягузорӣ ва содирот арзёбӣ кард. Дар арафаи соли нави таҳсил дар соҳаи иҷтимоӣ низ бисёр иншооти замонавӣ ба истифода супорида мешаванд. 36 кӯдакистон, 43 мактаб, 7 муассисаи таълими олӣ ва 3 беморхона аз ин ҷумлаанд.
Маҷмааи замонавии Донишгоҳи «Ӯзбекистони Нав», ки дар ҳудуди Тошканди Нав тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ дар майдони 10 гектар бунёд гардидааст, аз ҷумлаи чунин иншоот мебошад. Дар ин ҷо барои таҳсили 7 ҳазор донишҷӯ шароит фароҳам гардидааст.
Дар муассисаи таълими олӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Ҳарвард фаъолияти Мактаби ректорон роҳандозӣ шудааст. Якҷо бо Донишгоҳи Оксфорд оид ба такмили ихтисоси хидматчиёни давлатӣ «Хаби таълимӣ» таъсис дода мешавад. Аз 1 октябр Донишкадаи зеҳни сунъӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Инчунин, Китобхонаи нави миллии панҷошёна, ки масоҳаташ 30 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, бо таҷҳизоти аз ҳама муосир ҷиҳозонида шудааст. Он дар як вақт метавонад ба 1,5 ҳазор нафар китобхон хидмат расонад. Дар ин ҷо беш аз 28 утоқ ва толори мутолиа, толорҳои конфронсӣ бо ғунҷоиши гуногун ташкил гардида, зиёда аз 200 ҳазор китоб ҷамъоварӣ шудааст.
Дар шаҳри Қаршӣ бино ва иншооти замонавии Донишгоҳи иқтисодиёт ва педагогика бо маблағи 400 миллиард сӯм бунёд гардиданд. Дар ин ҷо 3 ҳазор донишҷӯ таҳсил мегиранд, 700 нафар аҳолӣ бо ҷойи кори сердаромад таъмин мешаванд.
Дар муассисаи наву муосири тиббии вилояти Фарғона бошад, барои ҳамасола табобат намудани 60 ҳазор нафар бемор ва аз ташхиси скринингӣ гузаронидани 30 ҳазор нафар зан имконият фароҳам оварда шудааст.
Роҳбари давлат меҳнати сармоягузорон ва соҳибкоронеро, ки дар бунёди иншооти нав иштирок карданд, баланд арзёбӣ намуд.
– Ҳар як сармояе, ки шумо ворид мекунед, пойдевори ояндаи Ӯзбекистонро мустаҳкам менамояд. Ҳар як ҷойи коре, ки шумо таъсис медиҳед, барои фаровонии рӯзгори хонаводаҳо хидмат мекунад. Ҳар як маҳсулоте, ки шумо истеҳсол менамоед, иқтидори иқтисодии кишварамонро ба марҳалаи нав мебарорад. Ҳар як моле, ки шумо содир мекунед, рақобатпазирии Ӯзбекистонро дар бозори ҷаҳонӣ бештар менамояд, – гуфт Президент.
Ба бинокорон, муҳандисону лоиҳакашон, соҳибкорону сармоягузороне, ки дар бунёди ин лоиҳаҳо фидокорӣ намудаанд, миннатдорӣ баён карда шуд.
Сипас, сарвари давлат тугмаи рамзиро пахш намуда, 72 лоиҳаи бузурги сармоягузорӣ ва 91 иншооти соҳаи иҷтимоӣ ба истифода супурда шуданд.