Дар кишвари мо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ таъмини манфиатҳои инсон, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин таҳкими фазои некӣ, меҳрубонӣ ва ҳамбастагӣ дар ҷомеа мебошад. Ин арзишҳо махсусан дар рӯзҳои иди муқаддаси Қурбон, ки сифатҳои наҷиби хоси мардуми моро таҷассум мекунад, равшан зоҳир мегарданд.
Дар муаррифӣ оид ба таклифҳое, ки аз ҷониби Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ, Вазорати тандурустӣ, Вазорати иқтисод ва молия, Ассотсиатсияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон ва Фонди ҷамъиятии хайриявии «Вақф» таҳия шудаанд, маълумот дода шуд.
Ин пешниҳодҳо баргузории чорабиниҳои васеъмиқёсро бахшида ба иди муқаддаси Қурбон дар бар мегиранд.
Аз ҷумла, пешбинӣ шудааст, ки хароҷоти амалиёти ҷарроҳии 10 ҳазор кӯдаки гирифтори бемориҳои вазнин ва бемориҳое, ки ба маъюбӣ меоранд, пурра пардохта шавад. Ҳамчунин, барои 2,3 ҳазор беморони гирифтори бемориҳои онкологӣ, гематологӣ ва онкогематологӣ ташхис, табобат ва амалиётҳои ҷарроҳӣ гузаронида мешаванд. Илова бар ин, барои на камтар аз 350 нафар амалиёти кӯчонда гузарондани ҷигар ва гурда анҷом дода мешавад.
Ба дастгирии кӯдакони ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Пешбинӣ шудааст, ки ба суратҳисобҳои пасандозии беш аз 8 ҳазор кӯдакони ятим, кӯдакони бе парастории волидайн ва фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ, ки ҳангоми ҳимояи Ватан ҳалок шудаанд, 200 долларӣ маблағ гузаронида шавад.
Илова бар ин, барои фароҳам овардани шароити мусоид ба аҳолӣ, дар 500 масҷид корҳои таҷдид ва таъмир анҷом дода шуда, утоқҳои муосири таҳорат сохта мешаванд, инчунин дар қабристонҳо корҳои ободонӣ анҷом дода мешаванд.
Оилаҳое, ки таҳти таъминоти давлатӣ қарор доранд, пиронсолони танҳо ва шахсони имконияташон маҳдуд, ки ба нигоҳубини дигарон ниёз доранд, бо бастаҳои маҳсулоти ғизоӣ таъмин мегарданд.
Ин чорабиниҳо аз ҳисоби 690 миллиард сӯм маблағе, ки ба Фонди ҷамъиятии хайриявии «Вақф» ҷудо карда мешаванд, маблағгузорӣ мешаванд.
Ҳамзамон, баргузор намудани дастурхонҳои хайриявӣ барои қишрҳои иҷтимоии осебпазир ва анҷом додани қурбонӣ дар ҷойҳои зиёрат ва муассисаҳои таълимии динӣ низ дар назар аст.
Президент таъкид намуд, ки чорабиниҳои вобаста ба дастгирии ниёзмандон, табобати беморон ва кӯмак ба кӯдакон бояд шаффоф ва мақсаднок ташкил карда шаванд ва ба масъулон супоришҳои дахлдор дод.