Дар солҳои охир дар кишвар ба ҳифзи мероси таърихӣ, барқарорсозии
ёдгориҳо, навсозии осорхонаҳо ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ
пайваста таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Ин кор ба самти муҳими сиёсати башардӯстона,
таҳкими ҳувияти миллӣ ва баланд бардоштани ҷаззобияти сайёҳии Ӯзбекистон табдил
ёфтааст.
Натиҷаҳои дар доираи ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО бадастомада махсус
таъкид гардиданд. Дар иҷлосияи 48-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ номинатсияи миллии Ӯзбекистон
таҳти унвони «Меъмории модернистии Тошканд. Замонавӣ ва анъанаҳои Осиёи Марказӣ»
ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ ворид карда шуд. Ӯзбекистон аввалин кишвари Осиёи Марказӣ ва ИДМ гардид, ки мероси
меъмории модернистии асри XX-и он чунин мақомро соҳиб шуд. Ба ҳайати ин
номинатсия 10 иншооти барҷастаи Тошканд дохил гардиданд. Ин нахустин бор дар 25
соли охир буд, ки як объекти миллии Ӯзбекистон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии
ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Дар натиҷаи корҳои
фаъол маҷмааи гелиоэнергетикии «Офтоб» низ ҳамчун қисми объекти мероси ҷаҳонӣ ҳифз
гардид.
Мақоми нави
байналмилалӣ барои ҳифз ва омӯзиши мероси меъмории Тошканд, рушди сайёҳии фарҳангӣ,
ҷалби муҳаққиқон, меъморон ва коршиносони байналмилалӣ имкониятҳои иловагӣ фароҳам
меорад. Дар ин робита татбиқи Барномаи давлатии солҳои 2026–2030 оид ба ҳифз ва
муаррифии меъмории модернистии пойтахт пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин масъалаи
омода намудани номинатсияи объекти табиии «Кӯҳҳои Зомин» барои ворид намудан ба
Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО баррасӣ гардид. Ин ҳудуд мамнӯъгоҳи давлатии
Зомин ва боғи миллии табиии Зоминро дар бар гирифта, маҷмааи ягонаи табиии кӯҳиро
бо ҷангалҳои арзишманди арча ва макони зисти намудҳои нодири ҳайвоноту
парандагон ташкил медиҳад.
Дар ҷараёни
муаррифӣ масъалаҳои такмили фаъолияти Котиботи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон
оид ба корҳои ЮНЕСКО низ баррасӣ шуданд. Пешниҳод гардид, ки вазифаҳои ҳамоҳангсозии
он дар самти иштироки кишвар дар шабакаҳои соҳавии ЮНЕСКО, аз ҷумла шабакаи шаҳрҳои
эҷодӣ, шабакаи шаҳрҳои омӯзанда, шабакаи мактабҳои ҳамкор, кафедраҳои ЮНЕСКО,
ассотсиатсияҳо ва клубҳо, инчунин шабакаи ҷаҳонии геопаркҳо васеъ карда шаванд.
Ба корҳои амалӣ
дар соҳаи мероси фарҳангӣ низ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир гардид. Дар солҳои охир
аз буҷети давлатӣ барои барқарорсозии объектҳои мероси фарҳангӣ 466,4 миллиард
сӯм ҷудо карда шудааст. 305 санади лоиҳавию сметавӣ таҳия гардида, корҳои барқарорсозӣ
дар 55 объект ба анҷом расонида шуданд ва дар 152 объект корҳои мазкур идома
доранд.
Бо мақсади ба
низом даровардани ин корҳо ҳуҷҷатҳои кадастрии 8 ҳазору 183 объекти мероси фарҳангӣ
таҳия шуданд. Иҷораи кӯтоҳмуддати ёдгориҳо имкон дод, ки 4 ҳазору 187 субъекти
соҳибкорӣ ҷалб гардида, ба фонди соҳавӣ 27,9 миллиард сӯм равона карда шавад.
Соли 2025 ба 52 объект 152,9 миллиард сӯм сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб
гардид.
Ҷорӣ намудани
низоми комилан нави Heritage Impact Assessment (HIA) дар Ӯзбекистон қадами муҳим
барои ҳифзи шаҳрҳои нодири таърихии он, аз ҷумла Бухоро, Самарқанд, Хива ва Шаҳрисабз,
инчунин меъмории модернистии Тошканд дар шароити рушди босуръати сохтмон ва инфрасохтор
ба ҳисоб меравад.
Пешниҳод шудааст,
ки платформаи ягонаи рақамии мероси фарҳангӣ, дугоникҳои рақамии объектҳо,
низоми Heritage Open Data, инчунин маркази вазъиятии мероси фарҳангӣ таъсис
дода шавад. Ин марказ имкон медиҳад, ки мониторинг бо истифода аз сенсорҳои
IoT, маълумоти моҳворавӣ, таҳлили видеоӣ ва воситаҳои зеҳни сунъӣ анҷом дода
шавад. То соли 2030 ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамаи объектҳои мероси фарҳангӣ
рақамӣ карда шаванд.
Барои идоракунии
сарбории сайёҳӣ ҷорӣ намудани низоми Visitor Management, васеъ намудани
истифодаи чиптаҳои рақамӣ, пешгӯии ҷараёни сайёҳон ва дар ҳолати зарурӣ муқаррар
намудани маҳдудияти шумораи боздид аз баъзе объектҳо пешбинӣ мешавад. Дар соҳаи
кадрҳо низоми омода намудани мутахассисон таъсис дода шуда, дар Бухоро мактаби
олии махсуси барқарорсозӣ кушода, филиалҳои минтақавии Пажӯҳишгоҳи бостоншиносӣ
рушд дода шуда, низоми иҷозатномадиҳӣ ба барқарорсозон ҷорӣ карда мешавад.
Лоиҳаҳои нави
муттаҳидкунандаи мероси таърихӣ ва инфрасохтори муосир низ баррасӣ шуданд. Аз ҷумла,
пешниҳод гардид, ки маркази махсуси мозаика таъсис дода шавад, ки дар он усулҳои
анъанавӣ бо технологияҳои муосири тарҳрезӣ, истеҳсол ва барқарорсозӣ якҷо карда
мешаванд. Марказ ба майдони ҳифзи мактаби мозаикаи Тошканд, омода намудани
мутахассисон ва рушди самти нави санъати монументалӣ табдил хоҳад ёфт.
Лоиҳаи ташкили
маркази савдои «Оллокулихон карвон саройи» дар ҳудуди мамнӯъгоҳи осорхонавии
«Ичан-Қалъа» низ алоҳида баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки ҷойгиркунии бетартиби
нуқтаҳои савдо ба ягонагии визуалии объектҳои таърихӣ халал мерасонад ва барои
сайёҳон нороҳатӣ эҷод мекунад. Лоиҳаи нав ба ҳифзи рӯҳи савдои анъанавӣ, фароҳам
овардани шароит барои ҳунармандон, баргузории намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳо, инчунин
ташкили як макони нави сайёҳӣ равона шудааст.
Дар оянда, бо мақсади
таъмини ягонагии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ,
Ассотсиатсияи ҷумҳуриявии «Ҳунарманд» бо Агентии мероси фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон
ҳамкорӣ хоҳад кард.
Ба лоиҳаи
консерватсия ва барқарорсозии маҷмааи Бибихонум дар Самарқанд, ки дар ҳамкорӣ
бо Aga Khan Trust for Culture амалӣ мешавад, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир гардид.
Лоиҳа ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳифзи меъморӣ, таҳқиқоти илмӣ ва
идоракунии корҳои барқарорсозиро дар объектҳои мероси фарҳангӣ пешбинӣ мекунад.
Дар доираи лоиҳа ҳуҷҷатгузорӣ
ва таҳқиқи ёдгорӣ, таҳқиқоти бостоншиносӣ ва муҳандисӣ, таҳлили мавод,
моделсозии сохторӣ ва таҳияи қарорҳои лоиҳавӣ анҷом дода мешаванд. Ба омода
намудани мутахассисони маҳаллӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Дар марҳилаҳои
минбаъда корҳои ҳифзи гунбази асосӣ ва иншооти атрофи он, ободонии ҳудуд ва
таъсиси экспозитсияи осорхонавӣ пешбинӣ шудаанд.
Бо мақсади ҷустуҷӯи
муназзам, ҳифзи ҳуқуқӣ ва баргардонидани ёдгориҳои нодири таърихӣ, бозёфтҳои
бостоншиносӣ, дастхатҳои нодир ва осори санъате, ки дар давраҳои гуногуни
таърихӣ аз кишвар берун бурда шудаанд, қарор қабул гардид, ки назди Президенти Ҷумҳурии
Ӯзбекистон Комиссия оид ба бозпас овардани арзишҳои фарҳангӣ таъсис дода шавад.
Дар анҷом пешниҳодҳо
оид ба Стратегияи рушди мероси фарҳангӣ барои солҳои 2027–2035 баррасӣ шуданд.
Дар он барномаҳои рақамикунонии мероси фарҳангӣ, ҳифзи мероси моддӣ ва ғайримоддӣ,
бозпас овардани арзишҳои фарҳангӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва рушди соҳаи барқарорсозӣ
пешбинӣ шудаанд.
Сарвари давлат ба
масъулон оид ба такмили пешниҳодҳои пешниҳодшуда ва таъмини татбиқи амалии онҳо
дастурҳо дод.