Пас аз сафари Сарвари давлат ба вилояти Самарқанд моҳи
декабри соли гузашта барои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа дар соли 2026
тадбирҳои муҳим муайян гардида, барои ин мақсад иловатан 100 миллион доллар ҷудо
карда шуд. Ҳамчунин, зимни сафари Президенти кишвар ба ноҳияи Нарпай моҳи марти
соли ҷорӣ вазифа гузошта шуд, ки ҳудудҳои дурдаст ва душворгузари вилоят дар
асоси равишҳои алоҳида рушд дода шаванд.
Дар ҷамъомад рафти иҷрои ин супоришҳо дар мисоли ноҳияҳои
Булунғур, Нарпай, Оқдарё, Пахтачӣ, Қӯшработ, Каттақӯрғон ва шаҳри Каттақӯрғон
мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гарчанде ки зичии аҳолӣ дар минтақаҳои дурдаст баланд
аст, дар он ҷо ҷойҳои кории сердаромад каманд. Ба ҳиссаи ноҳияҳои Нарпай, Қӯшработ,
Пахтачӣ, Каттақӯрғон ва шаҳри Каттақӯрғон ҳамагӣ 10 фоизи истеҳсолоти саноатии
вилоят рост меояд. Дар айни замон сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ дар ноҳияҳои
Нарпай, Пахтачӣ, Пастдарғом ва шаҳри Каттақӯрғон нисбат ба дигар ноҳияҳои
вилоят баландтар боқӣ мемонад.
Ба ин муносибат бо дарназардошти имкониятҳои ҳар як ноҳия
пешниҳод гардид, ки ин ҳудудҳо дар асоси тахассусонӣ дар самтҳои мушаххас рушд
дода шаванд.
Аз ҷумла, ноҳияҳои Булунғур, Қӯшработ, Пахтачӣ ва Каттақӯрғон
ҳамчун марказҳои кишоварзӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ рушд меёбанд. Дар Булунғур бо
маблағи 50 миллион доллар хоҷагии зотпарварӣ бо иқтидори солонаи 100 ҳазор сар таъсис
дода мешавад. Дар ноҳияҳои Қӯшработ ва Оқдарё бо сармоягузории 20 миллион
доллар корхонаҳои парвариши чӯҷаҳои зотӣ бо иқтидори истеҳсолии 800 ҳазор сар
дар як сол ба истифода дода мешаванд.
Ноҳияи Нарпай ва шаҳри Каттақӯрғон ба нуқтаҳои асосии
рушди саноат ва хизматрасонӣ табдил хоҳанд ёфт. Аз ҷумла, дар ноҳияи Нарпай дар
майдони 100 гектар минтақаи саноатӣ таъсис меёбад, ки дар он лоиҳаҳои истеҳсоли
маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда амалӣ мешаванд. Ҳаҷми умумии
сармоягузорӣ 500 миллион долларро ташкил медиҳад. Пешбинӣ шудааст, ки ба ин
раванд 10 ширкати бузурги ҷопонӣ ҷалб карда шаванд.
Ноҳияи Оқдарё ҳамчун ҳудуди махсусгардонидашуда дар соҳаҳои
паррандапарварӣ, саноати нассоҷӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ рушд хоҳад
кард.
Дар ҷаласа лоиҳаҳо оид ба коҳиш додани бекорӣ ва
камбизоатӣ мутаносибан 3 ва 2 фоиз дар ноҳияҳои Нарпай, Пахтачӣ, Пастдарғом ва
шаҳри Каттақӯрғон, афзоиши содирот 20 фоиз дар ноҳияҳои Иштихон, Нарпай,
Нуробод, Пахтачӣ, Қӯшробод ва Каттақӯрғон, инчунин ду баробар зиёд кардани ҳаҷми
хизматрасонӣ ва истеҳсоли саноатӣ дар ноҳияҳои Булунғур, Нарпай, Нуробод,
Пайариқ, Пахтачи, Қӯшробод, Каттақӯрғон ва шаҳри Каттақӯрғон пешниҳод карда
шуданд.
Ба масъалаҳои рушди минбаъдаи иқтидори сайёҳии вилояти Самарқанд
диққати махсус дода шуд.
Аз аввали соли ҷорӣ шумораи сайёҳони хориҷие, ки ба
кишвар ташриф овардаанд, 27,3 фоиз зиёд шуда, ба 5,4 миллион нафар расидааст. Ӯзбекистон
ҳадаф гузоштааст, ки шумораи сайёҳони хориҷиро ба 20 миллион нафар ва ҳаҷми
содироти хизматрасониҳои сайёҳиро ба 10 миллиард доллар расонад. Таъкид гардид,
ки ин густариши шабакаи масирҳои сайёҳӣ ва иншооти хидматрасониро дар минтақаҳо
тақозо мекунад, ки метавонад мӯҳлати будубоши сайёҳонро зиёд кунад.
Бо ин мақсад ташаббуси табдил додани 13 кӯчаи маркази
таърихии Самарқанд ба минтақаҳои пиёдагард ва инчунин бунёди иншооти нави сайёҳӣ
ва хизматрасонӣ дастгирӣ гардид.
Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки ҳудуди минтақаи сайёҳӣ ва
истироҳатии «Оҳалик – Оқбӯйро – Миронкӯл» васеъ карда шавад. Масъалаҳои
ободонии ҳудуди соҳили коллектори «Шаар», ки дар муқобили маҷмааи ёдгории Имом Мотурудӣ ҷойгир
аст, низ баррасӣ шуданд.
Дар шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Нуробод ва Самарқанд дар
натиҷаи татбиқи ин тадбирҳо вазифа гузошта шуд, ки шумораи меҳмонхонаҳо ба 850
адад, фонди ҳуҷраҳо ба 20 ҳазор ҷой ва ҳаҷми хидматрасониҳои сайёҳӣ ба 750
миллион доллар расонида шавад.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки фароҳам овардани
инфрасохтори муносиб барои зиндагии аҳолӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарин мебошад.
Барои ин мақсад пешниҳод шуд, ки 1,2 триллион сӯм барои сохтмони иншооти иҷтимоӣ,
беҳтар намудани роҳҳо, шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия, таъмини неруи
барқ, татбиқи лоиҳаҳои хизматрасонӣ ва реноватсионӣ, инчунин таъмин намудани
инфрасохтори лоиҳаҳои саноатӣ равона карда шавад.
Дар Самарқанд дар доираи барномаи реноватсия супориш дода
шуд, ки дар муҳлати як моҳ нақшаи генералии табдил додани шаҳраки «Кимиёгарлар»
ба маҳаллаи замонавӣ ва бароҳати истиқоматӣ тасдиқ карда шавад.
Ҳамчунин вазифа гузошта шуд, ки ҳудуди шаҳраки «Янги Ӯзбекистон»,
ки дар ноҳияи Булунғур бунёд мешавад, васеъ карда шуда, то охири сол дар ҷойи
заминҳо ва биноҳои бекорхобидаи назди роҳи оҳани шаҳри Самарқанд иншооти варзишӣ,
фарҳангӣ, мусиқӣ ва санъат таъсис дода шаванд.
Илова бар ин, таъсиси фонди сохтмон ва таъмири иншооти соҳаи
иҷтимоии назди ҳокимияти вилояти Самарқанд маъқул дониста шуд. Қарор қабул шуд,
ки маблағҳои дар доираи татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти
Самарқанд сарфашуда ба ин фонд равона карда шаванд.
Дар анҷоми ҷамъомад ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.
Сарвари давлат оид ба истифодаи пурраи имкониятҳои ҳар як ноҳияи вилояти Самарқанд,
таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ ва коҳиш додани тафовути иқтисодӣ
байни ҳудудҳо супоришҳои мушаххас дод.