Дар вохӯрӣ президент ва раиси Эксимбонки ИМА Ҷон Ёванович, директори иҷроияи Корпоратсияи байналмилалии рушди молиявӣ (DFC) Бен Блэк, раиси Палатаи савдои ИМА – Ӯзбекистон Кэролин Лэмм, инчунин роҳбарони корпоратсияҳои “Air Products”, “Cove Capital”, “Templeton Global Investments”, “Boeing”, “77 Construction”, “BlackRock”, “FLS”, “Visa”, “JP Morgan”, “Meta”, “GULF” ва вакилони як қатор ширкатҳои дигар иштирок карданд.
Сарвари давлати мо бо қаноатмандӣ таъкид намуд, ки ин мулоқот идомаи анъанаи накӯе мебошад, ки солҳои охир ба вуҷуд омадааст ва далели афзоиши таваҷҷуҳи доираҳои соҳибкории ИМА ба густариши фаъолият дар Ӯзбекистон аст.
Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ яке аз нуқтаҳои такягоҳиву асосии шарикии стратегии байни Ӯзбекистон ва ИМА ба шумор мераванд.
Сарвари мамлакат як қатор самтҳои муҳимро, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар нигаронида шудаанд, муайян намуд.
Ба пешбурди лоиҳаҳои мушаххас ҷиҳати азхудкунӣ ва коркарди маъданҳои муҳим, энергетика, металлургия, молия, зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ ва дигар бахшҳои иқтисод диққати махсус дода мешавад.
Роҳбарони ширкатҳои бузурги ИМА барои фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти босамари сармоягузорон ба Президенти Ӯзбекистон изҳори сипос намуда, пешниҳод ва нақшаҳои мушаххаси худро баён карданд.
Дар анҷоми суҳбати гирди миз маросими мубодилаи ҳуҷҷатҳои дуҷониба бо ширкатҳои пешрафтаи ИМА баргузор гардид.