Дар чорабинӣ инчунин Президенти Ҷумҳурии Албания Байрам Бегай, Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Али Асадов, Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Александр Турчин, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов, Раиси Девони Вазирон – роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Қосималиев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, роҳбари Бонки нави рушд Дилма Руссефф, инчунин намояндагони дигар муассисаҳои молиявии бисёрҷониба, бонкҳои хориҷӣ, корпоратсияҳои ҷаҳонӣ, ширкатҳои бузург, фондҳои сармоягузорӣ ва доираҳои соҳибкорӣ ширкат варзиданд.

Форум, ки зиёда аз 10 ҳазор вакил ва иштирокчиро аз беш аз 100 кишвари ҷаҳон муттаҳид намуд, бори дигар нуфузи рӯзафзуни байналмилалии худро ва афзоиши эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ислоҳоти дар Ӯзбекистони Нав амалишавандаро тасдиқ кард.

Дар суханронии худ Президент таъкид намуд, ки Ӯзбекистон барои шарикии баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд бо сармоягузорони байналмилалӣ боз аст.

Зикр гардид, ки дар шароити трансформатсияи босуръати раванди иқтисоди ҷаҳонӣ ва рақобати рӯзафзун, кишварҳое бештар ҷалби таваҷҷуҳ мекунанд, ки қодиранд ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои соҳибкорон, рушди устувори иқтисодӣ ва имкониятҳои васеъро таъмин намоянд.

Дар ин замина ислоҳоти пайгиронае, ки дар Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, аллакай натиҷаҳои мушаххас медиҳанд. Соли гузашта иқтисоди кишвар 7,7 фоиз рушд кард ва интизор меравад, ки имсол ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 180 миллиард доллар зиёд шавад. Ҳаҷми сармоягузориҳои ҷалбшуда ба 43 миллиард доллар расид.

Яке аз дастовардҳои муҳим таҳкими суботи макроиқтисодӣ мебошад: устувории пули миллӣ нигоҳ дошта шуда, захираҳои байналмилалӣ аз 70 миллиард доллар зиёд гардидаанд.

Дар солҳои охир ба иқтисоди Ӯзбекистон зиёда аз 150 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст, ки аз ин маблағ беш аз 123 миллиард доллар ба панҷ соли охир рост меояд.

Ҳамзамон кишвар мавқеи худро дар рейтингҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Шохиси озодии иқтисодӣ, мустаҳкам намуда, бори аввал ба гурӯҳи давлатҳои дорои «иқтисоди нисбатан озод» дохил гардид.

Мавзӯи форуми имсола «Устувории сармоягузорӣ: уфуқҳои нав ва шарикиҳои нав» интихоб гардидааст. Сарвари давлат таъкид намуд, ки рушди устувори муҳити сармоягузорӣ шарти муҳими расидан ба ҳадафҳои дарозмуддати кишвар мебошад.

Дар ин замина шаш самти асосии густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва ташкили экосистемаи муосири соҳибкорӣ муайян гардид.

Таҳкими минбаъдаи низоми кафолатҳои ҳуқуқии сармоягузорон аввалин афзалят номбар гардид.

Дар Ӯзбекистон Маркази байналмилалии молиявии Тошканд таъсис дода мешавад, ки ба платформаи нави институтсионалӣ бо низоми махсуси ҳуқуқӣ табдил хоҳад ёфт.

Барои иштирокчиёни марказ имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ, кафолати ҳаракати озоди сармоя ва имкони ҳисоббаробаркунӣ бо ҳама гуна асъор пешбинӣ шудааст. Инфрасохтори марказ танзимгари мустақили молиявӣ, низоми дороиҳои рақамӣ ва маблағгузории «сабз»-ро дар бар мегирад.

Ҳамчунин татбиқи механизмҳои ҳакамии байналмилалӣ ва суди тиҷоратии байналмилалӣ бо иштироки судяҳо ва коршиносони хориҷӣ, инчунин пайвастан ба Конвенсияи Сингапури СММ оид ба медиатсия пешбинӣ шудааст.

 Дар натиҷаи ҳамаи ин чораҳо сармоягузорон бевосита дар худи Ӯзбекистон аз ҳимояи кафолатноки байналмилалии ҳуқуқӣ бархӯрдор хоҳанд шуд, – таъкид намуд сарвари давлат.

Бахши алоҳидаи суханронӣ ба рушди босуръати бозори сармоя ва васеъ кардани доираи асбобҳои муосири молиявӣ бахшида шуд.

Дар солҳои охир Ӯзбекистон дар бозорҳои байналмилалӣ беш аз 16 миллиард доллар вомбарг ҷойгир намуда, инчунин бузургтарин IPO-ро дар панҷ соли охир дар Биржаи фондии Лондон амалӣ кард.

Омодасозии ширкатҳои нав барои ворид шудан ба бозорҳои байналмилалии сармоя идома дошта, заминаи ҳуқуқӣ барои рушди фондҳои сармоягузорӣ ва дигар воситаҳои алтернативии сармоягузорӣ ташаккул дода мешавад.

Таваҷҷуҳи махсус ба рушди вомбаргҳои исломии давлатӣ (сукук) дода мешавад, ки метавонанд манбаи муҳими ҷалби сармоя гарданд.

Самти стратегии навбатӣ ҷалби сармоягузорӣ ба густариши занҷирҳои арзиши баланд муайян шудааст.

Дар тамоми бахшҳои саноат барномаҳои бузурги гузариш ба сатҳи нави технологӣ оғоз гардидаанд.

Дар солҳои наздик ҳаҷми маҳсулоти саноатии дорои технологияҳои баланд беш аз 2,5 баробар зиёд карда мешавад.

Ба рушди соҳаҳои пешбаранда, аз ҷумла саноати кимиё, мошинсозӣ ва робототехника, саноати сабук, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, электротехника ва дорусозӣ таваҷҷуҳи асосӣ дода шуд.

Президент изҳор дошт:

Мо омодаем ташаббусҳои шуморо дар бахшҳои “иқтисоди нав” ҳамаҷониба дастгирӣ намоем, – изҳор намуд Президент.

Роҳбари Ӯзбекистон инчунин аҳамияти истифодаи самараноки пойгоҳи захираҳои табиии маъданҳои муҳими кишвар, ки арзиши он 3 триллион долларро ташкил медиҳад ва рушди паркҳои технологии "Металлҳои оянда" бо иштироки сармоягузорони хориҷиро таъкид кард.

Тақвияти шарикӣ дар соҳаҳои энергияи сабз ва зеҳни сунъӣ низ ҳамчун авлавиятҳо муайян карда шудаанд.

Ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар тавозуни энергетикии кишвар дар ояндаи наздик ба 54 фоиз расонида мешавад. Ҳамзамон низомҳои захираи энергия, навсозии шабакаҳои барқӣ ва марказҳои маълумот (дата-марказҳо), ки бо энергияи тоза фаъолият мекунанд, рушд дода мешаванд.

Ба рушди зеҳни сунъӣ низ аҳамияти махсус дода мешавад. Дар доираи стратегияи миллии ҷлорӣ кардани зеҳни сунъӣ барномаҳои густурдаи рақамикунонии соҳаҳои маориф, хизматрасониҳои давлатӣ ва тиҷорат амалӣ мегарданд.

Дар Қароқалпоқистон минтақаи махсус барои лоиҳаҳои зеҳни сунъӣ ва марказҳои маълумот бо шароити беназири сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозӣ таъсис дода мешавад.

Ҳамчунин Маркази байналмилалии технологияҳои рақамии Ӯзбекистон таъсис хоҳад ёфт, ки дорои низоми махсуси ҳуқуқӣ хоҳад буд.

Ба арзёбии коршиносони хориҷӣ, иқтидори эҷоди арзиши иловагӣ дар ин соҳа на камтар аз 10 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Вазифаи асосии мо беҳтар намудани зиндагии ҳамаи қишрҳои аҳолӣ тавассути зеҳни сунъӣ ва истифодаи васеи он дар маориф, хизматрасониҳои давлатӣ ва равандҳои соҳибкорӣ мебошад, таъкид намуд Президент.

Дар суханронӣ ба рушди минбаъдаи робитаҳои мутақобилаи нақлиётӣ ва логистикии минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ӯзбекистон бо шарикони худ як қатор лоиҳаҳои бузурги инфрасохториро, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон, долони Трансафғон ва рушди масири Долони Миёна амалӣ мекунад.

Бо татбиқи пурраи ин лоиҳаҳо мо метавонем ба шабакаи магистралҳои нақлиётие пайваст шавем, ки Осиё ва Аврупоро ба ҳам мепайванданд, таъкид намуд сарвари давлат.

Ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои авиатсия ва логистика, аз ҷумла сохтмони фурудгоҳи нави байналмилалии Тошканд, ки барои хизматрасонӣ ба 20 миллион мусофир дар як сол пешбинӣ шудааст, идома доранд.

Дар самти афзалияти шашум масъалаҳои рушди ҳамаҷонибаи иқтидори сармоягузории минтақаҳо ва шаҳрнишинӣ баррасӣ шуданд.

Бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ ва иқтисод, дар кишвар барномаҳои васеи сохтмони манзил ва шаҳрсозӣ амалӣ мешаванд, аз ҷумла, шаҳри нави «Тошканди Нав» бунёд гардида, марказҳои бузурги минтақавӣ ба шаҳрҳои миллионнафарӣ табдил дода мешаванд.

 То соли 2040 мо нақша дорем ҳаҷми манзилҳои сохташавандаро ду баробар афзоиш дода, сатҳи урбанизатсияро аз 51 то 65 фоиз расонем, – қайд намуд Президент.

Таваҷҷуҳи алоҳида инчунин ба рушди сайёҳӣ дода шуд. Иқтидори ин соҳа имкон медиҳад, ки ҳамасола 15–20 миллион сайёҳи хориҷӣ қабул гардида, ба маблағи на камтар аз 15 миллиард доллар хизматрасонӣ пешниҳод шавад.

Ҳамчунин масъалаҳои трансформатсияи маҷмааи агросаноатӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии кишвар аллакай ба 3,5 миллиард доллар дар як сол расидааст ва имкони афзоиши он то 10 миллиард доллар вуҷуд дорад.

Президент аҳамияти ҷалби фаъоли мақомоти маҳаллӣ дар кор бо сармоягузорон ва густариши ҳамкориҳои лоиҳавиро дар минтақаҳо дар ин самт махсус таъкид намуд.

Дар анҷоми суханронӣ пешниҳоди таъсиси Эътилофи минтақавии шӯроҳои сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дастгирӣ карда шуд, ки метавонад заминаи ташаккули фазои умумии сармоягузорӣ гардад.

Ҳамчунин омодагии Ӯзбекистон барои идомаи муколамаи доимӣ бо сармоягузорон дар доираи Шӯрои сармоягузорони хориҷии назди Президент тасдиқ гардид.

Сарвари давлат таъкид кард, ки сармоягузорӣ на танҳо ҳамчун захираи иқтисодӣ, балки ҳамчун технологияҳои пешрафта, дониш ва таҷрибаи муосир, ҷойҳои нави корӣ ва рушди саривақтӣ низ баррасӣ мешавад.

Дар анҷоми суханронӣ Президент қайд кард, ки Ӯзбекистон ҳамоно барои сармоягузорони байналмилалӣ, ки бо эътимоди баланд ва ғояҳои ояндадор ба кишвари мо меоянд, боз аст.

Ман итминон дорам, ки рӯҳияи Форуми сармоягузории Тошканд рамзи муваффақияти муштараки мо хоҳад шуд. Ва табиати зебои Ӯзбекистон, фарҳанги беназир ва меҳмоннавозии мардуми шарифи мо беҳтарин сармоягузорӣ дар таҳкими дӯстии мо хоҳад буд", хулоса кард сарвари давлат.