Меҳмонони азиз!
Анҷумани байналмилалии Самарқанд дар шароити мураккабе
баргузор мешавад, ки ихтилофоти глобалии ҷаҳон амиқтар гардида, нооромӣ ва нуқтаҳои
даргирии мусаллаҳона меафзоянд.
Мутаассифона, дар саросари сайёра беш аз 500 миллион кӯдак
ва ҷавон дар минтақаҳои даргири низоъҳои мусаллаҳона зиндагӣ мекунанд, аз ҳар
панҷ ҷавон як нафар ва аз ҳар се духтар ду нафар аз имкони таҳсил маҳрум
мебошанд.
Дар чунин шароити душвор ҳамчун қишри фаъолтарин ва
ташаббускор ба саҳна баромадани ҷавонони ҷаҳон шоистаи таҳсин аст.
Дӯстони азиз!
Дар Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» ғамхорӣ ба насли ҷавон
ва пурра намоён кардани дониш ва иқтидори онҳо чун самти афзалиятноки сиёсати
давлатӣ муайян шудааст.
Қариб 56 фоизи 39 миллион аҳолии кишварро ҷавонон ташкил
мекунанд ва ин муносибати дарозмуддат ва роҳҳалҳои ҳамаҷонибаро ба зарурати ҳаётӣ
табдил медиҳад.
Солҳои охир, дар натиҷаи ислоҳоте, ки ба рушди сармояи
инсонӣ нигаронида шудаанд, барои рушди ҳамаҷониба ва дар муҳити рақобати ҷаҳонӣ
ҷойгоҳи муносибро ишғол намудани ҷавонон имкониятҳои бузург фароҳам гардиданд.
Бояд махсус таъкид кард, ки дар кишвари мо низоми комилан
нави кор бо ҷавонон ва дастгирии онҳо – низоми ҳадафманд ва амудӣ роҳандозӣ
шудааст.
Шумораи писарону духтарони мо, ки дар муассисаҳои
пешрафтаи таълими олӣ – шомили садгонаи беҳтарини ҷаҳон таҳсил мегиранд, аз 3,5
ҳазор нафар афзуд, ҳиссаи олимони ҷавони дорои дараҷаи илмӣ ду баробар зиёд
гардид, ки ин ҳама моро мамнун менамояд.
Ба 35 фоиз расидани ҳиссаи ҷавонон дар сафи соҳибкорон
низ аз ба неруи пешбарандаи рушди иқтисодӣ табдил ёфтани онҳо гувоҳӣ медиҳад.
Парламентҳои ҷавонони назди Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати
Олий Маҷлис барои намояндагони ояндаи халқ ба мактаби таҷриба табдил ёфтаанд.
Дар интихоботи соли 2024 ба ҳайси аъзои мақомоти
намояндагӣ интихоб шудани қариб 200 ҷавон низ натиҷаи навгониҳо дар ҳаёти
сиёсии мо мебошад.
Чунин дастовардҳо аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ низ
муносиб эътироф мешаванд. Аз ҷумла, Ӯзбекистон
аз рӯйи татбиқи босуръати Стратегияи «Ҷавонон – 2030»-и Созмони Милали Муттаҳид
дар қатори 10 давлати пешсафи ҷаҳонҷой гирифт.
Инчунин, дар Индекси ҷаҳонии рушди ҷавонон ҳамчун кишваре
эътироф шуд, ки босуръат рушд мекунад.
Муҳтарам, хонумҳо ва ҷанобон!
Шуморо бори дигар самимона табрик гуфта, ба ҳамаатон
саломатии мустаҳкам, неру ва ғайрати пойдор ва дар фаъолияти пурмасъулият
комёбиҳои нав таманно менамоям!
Президенти
Ҷумҳурии Ӯзбекистон