Гази моеъ дар таъмини сокинони ҳудудҳое, ки ба шабакаи
газрасонӣ фаро гирифта нашудаанд, бо захираҳои энергетикӣ нақши муҳим дорад. Аз
ин рӯ, расонидани саривақтӣ, бехатар ва устувори газ бевосита ба зиндагии ҳаррӯзаи
мардум, фаъолияти иншооти соҳаи иҷтимоӣ ва шароити маишии аҳолӣ дар минтақаҳо
алоқаманд аст.
Дар ҷараёни муаррифӣ тавозуни захираҳо ва тақсимоти гази
моеъ, низоми амалкунандаи таъминот, масъалаҳои нархгузорӣ, субсидия ва таъсири
чораҳои ба аҳолӣ пешниҳодшуда таҳлил гардид.
Қайд карда шуд, ки дар ҷумҳурӣ ҳудуди 3,8 миллион истеъмолкунанда ва қариб
2 ҳазор иншооти соҳаи иҷтимоӣ
бо гази моеъ таъмин карда мешаванд. Дар соли ҷорӣ барои эҳтиёҷоти аҳолӣ ва
иншооти иҷтимоӣ расонидани 604,8 ҳазор
тонна гази моеъ пешбинӣ шудааст.
Зикр
гардид, ки дар низоми амалкунанда як қатор мушкилот боқӣ мемонад. Дар баъзе
минтақаҳо гази моеъ дар муҳлатҳои муқарраршуда ба истеъмолкунандагон расонида
намешавад. Дар натиҷа, аҳолӣ маҷбур мешавад эҳтиёҷоти иловагии худро тавассути
хариди газ дар нуқтаҳои газфурӯшии автомобилӣ бо нархҳои бозорӣ қонеъ созад.
Тибқи
таҳлилҳо, ҳиссаи истеъмолкунандагоне, ки гази моеъро бо фосилаи зиёда аз 46 рӯз мегиранд, ба 22 фоиз мерасад. Дар чунин ҳолатҳо
хароҷоти моҳонаи баъзе оилаҳо дар асл нисбат ба нархи муқарраргардида чандин
маротиба зиёд мешавад.
Тибқи
тартиби амалкунанда, гази моеъ ба аҳолӣ ва иншооти соҳаи иҷтимоӣ бо нархҳои
имтиёзнок дода мешавад. Дар баробари ин, фарқи байни хароҷоти истеҳсол,
воридот, харид ва интиқоли он сол ба сол зиёд шуда, эҳтиёҷ ба субсидия аз буҷет
меафзояд.
Сарвари давлат таъкид кард, ки дар ин масъала пеш аз ҳама
манфиатҳои аҳолӣ бояд таъмин карда шаванд. Зарурати расонидани саривақтии гази
моеъ ба мардум, роҳ надодан ба қатъшавии таъминот ва дастгирии оилаҳои
ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ таъкид гардид.
Бо ин мақсад пешниҳодҳо оид ба ислоҳоти марҳилавии низоми
таъминот бо гази моеъ таҳия шудаанд.
Барои азнавташкилдиҳии низоми интиқоли гази моеъ ба аҳолӣ
таъсиси ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «LPG-Trade» пешниҳод мешавад. Муассиси он «Ҳудудгазтаъминот»
хоҳад буд. Ин сохтор ба хариди гази моеъ тавассути биржа ва расонидани он ба аҳолӣ
тибқи тартиби муқарраршуда машғул хоҳад шуд.
Дар ин робита, ҳангоми муайян намудани нархи чаканаи гази
моеъ фаъолияти самараноки механизмҳои аз нигоҳи иқтисодӣ асоснок таъмин карда
мешавад. Ҳамзамон, барои табақаҳои аз лиҳози иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ ба ҳар як
килограмм гази моеъи харидашуда ҷубронпулӣ пардохт карда мешавад.
Ин равиш имкон медиҳад, ки сиёсати нархгузорӣ марҳила ба
марҳила ба низом дароварда шуда, ҳамзамон механизми дастгирии ҳадафмандонаи
оилаҳои ниёзманд ҷорӣ карда шавад. Ба ҷои субсидияҳои умумӣ равона намудани
маблағҳои буҷетӣ мустақиман ба истеъмолкунандаи мушаххас адолат ва самаранокии
низомро баланд мебардорад.
Ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки гази моеъ барои эҳтиёҷоти
иншооти соҳаи иҷтимоӣ бо нархҳои биржавӣ таъмин карда шуда, фарқи манфие, ки ҳангоми
фурӯши он ба аҳолӣ бо нархи муқарраргардида ба вуҷуд меояд, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ
пӯшонида шавад.
Ба густариши иштироки бахши хусусӣ низ таваҷҷуҳи махсус
зоҳир гардид. Дар вилояти Андиҷон татбиқи лоиҳаи пилотӣ оид ба ҷалби
операторони хусусӣ ба интиқоли гази моеъ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин ҳол, пешбинӣ шудааст, ки операторон бояд дорои иҷозатномаҳо
ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ, инчунин кормандони соҳибихтисоси муҳандисиву техникӣ
бошанд. Хизматрасонӣ
бояд аз ҷониби на камтар аз ду оператор анҷом дода шавад. Барои истеъмолкунандагон
замимаи мобилӣ ва хидматрасониҳои онлайн ҷорӣ карда
мешаванд. Бо дарназардошти шумораи истеъмолкунандагон ва дурии ҳудудҳо ташкил
намудани нуқтаҳои хизматрасонӣ, ки ба меъёрҳои шаҳрсозӣ ва талаботи бехатарии
зиддисӯхтор ҷавобгӯ бошанд, пешбинӣ шудааст.
Дар
оянда имкони татбиқи марҳила ба марҳилаи ин таҷриба дар дигар минтақаҳо низ
баррасӣ хоҳад шуд.
Президенти кишвар таъкид намуд, ки ислоҳот бояд дар асоси
ҳисобу китобҳои дақиқ, бо фароҳам овардани шароити қулай барои аҳолӣ ва риояи
принсипҳои адолати иҷтимоӣ амалӣ карда шавад.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки интиқоли гази моеъро тибқи
ҷадвали қатъиян муқарраршуда, рақамикунонии ҳисобу китоб, таъмини шаффофияти тақсимот,
роҳ надодан ба камбуди сунъӣ ва
болоравии беасоси нархҳо роҳандозӣ намоянд.
Ҳамчунин вазифаҳо оид ба саривақт пардохт намудани ҷубронпулиҳо
ба табақаҳои аз лиҳози иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ, риояи қатъии талаботи бехатарӣ
дар иншооти пуркунии газ ва ҳангоми интиқоли он, инчунин муқаррар намудани
назорати самаранок ба фаъолияти операторони хусусӣ муайян гардиданд.
Қайд карда шуд, ки дар натиҷаи ислоҳот бояд низоми шаффоф
ва устувори таъминот бо гази моеъ ташаккул ёбад, муҳлати интиқол коҳиш ёфта,
сифати хидматрасонӣ ба аҳолӣ баланд бардошта шавад ва истифодаи мақсаднок ва
самараноки маблағҳои буҷетӣ таъмин гардад.
Ҳамчунин дар ҷараёни муаррифӣ оид ба рафти иҷрои супоришҳои
иловагии 2 сентябр вобаста ба сохтмони
инфрасохтори берунии неругоҳи муттаҳидаи барқи атомии дар вилояти Ҷиззах
бунёдшаванда ва шаҳраки ҳамшафати он додашуда маълумот пешниҳод
гардид.