Тавре маълум аст, 3 сентябр таҳти раёсати роҳбари давлат ҷаласаи видеоселекторӣ оид ба масъалаҳои ба сатҳи нав баровардани корҳои коҳиши камбизоатӣ ва баланд бардоштани даромади аҳолӣ баргузор гардид. Дар он тартиби ташкили кор дар минтақаҳо ба таври куллӣ тағйир дода шуда, ваколатҳо ва захираҳои асосӣ ба сатҳи ноҳия интиқол дода шуданд.

Мувофиқи низоми нав, дар ҳар як вилоят ва ноҳия таҳти роҳбарии ҳокимон ситодҳо таъсис дода мешаванд. Мақомоти шуғл ва сохторҳои маҷмӯи иқтисодӣ бояд масъалаҳои бо кор таъмин кардан ва баланд бардоштани даромади аҳолиро бевосита дар маҳалҳо якҷоя ҳал кунанд.

Дар ҷаласаи имрӯза иҷрои ин вазифаҳо, фаъолияти ситодҳо ва самаранокии истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар минтақаҳо мавриди баррасии интиқодӣ қарор гирифт.

Зикр гардид, ки ситодҳо аллакай дар ҳамаи минтақаҳо ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Барои ташкили самараноки фаъолияти онҳо ба ҳар як вилоят ду роҳбари масъул вобаста карда шуда, дар маҷмӯъ 28 намояндаи маҷмӯи иқтисодӣ ҷалб шудаанд. Ситоди ислоҳот, вазоратҳо, бонкҳо ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар доираи низоми нав ба кор шурӯъ кардаанд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки баъзе роҳбарон ҳанӯз ҳам кӯшиш мекунанд корҳоро аз дохили кабинетҳо ташкил намоянд, ба маҳаллаҳо нарафта, вазъи воқеии ҳар як оила ва ҳар як корхонаро намеомӯзанд. Сарвари давлат таъкид кард, ки чунин муносибат натиҷа намедиҳад.

Зикр гардид, ки ҳокимон бояд масъалаи коҳиши камбизоатиро васеътар аз пешбурди Феҳристи иҷтимоӣ баррасӣ кунанд. Феҳристи иҷтимоӣ воситаи дастгирии аҳолӣ мебошад, дар ҳоле ки коҳиши камбизоатӣ ба таъмини оилаҳо бо манбаи устувори даромад, таъсиси ҷойҳои корӣ, инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити зарурӣ алоқаманд аст.

Дар ҷаласа бо мисолҳои мушаххас нишон дода шуд, ки дар ҳар як ноҳия имкониятҳои васеъ кардани шуғл мавҷуданд.

Аз ҷумла, вазъ дар ноҳияи Қӯшкӯпир мавриди танқид қарор гирифт. Дар ин ноҳия аз аввали сол як корхонаи нассоҷӣ бо арзиши 43 миллион евро, ки барои таъсиси 1 ҳазору 300 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст, бекор истодааст. Ҳангоми барқарор кардани фаъолияти корхона, бонк метавонад менеҷери зиддибуҳронӣ ҷалб намуда, истеҳсолотро ба иқтидори пурра барорад.

Ҳамчунин имкони бознигарии маҳдудиятҳои нисбат ба дороиҳои 124 корхона бо арзиши умумии 6 триллион сӯм ҷоришуда ва ба идоракунии бонкҳо додани онҳо таъкид гардид. Ин имкон медиҳад, ки 10 ҳазор ҷойи корӣ барқарор карда шавад.

Дар мисоли корхонаи «Оқолтин Мега Текстил» дар ноҳияи Оқолтин таъкид гардид, ки объектҳои омодаеро, ки ба тавозуни бонкҳо гузаштаанд, ба ҷойи ба қисмҳо фурӯхтан, ба фаъолияти истеҳсолӣ баргардондан мувофиқи мақсад аст. Чунин равиш имкон медиҳад, ки садҳо нафар бо кор таъмин шаванд.

Дар маҷмӯъ, дар тавозуни бонкҳои давлатӣ тақрибан 2 ҳазору 500 объекти молу мулк ба маблағи 10 триллион сӯм мавҷуд аст. Истифодаи самараноки онҳо метавонад то 40 ҳазор ҷойи кориро барқарор кунад.

Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки дар муҳлати як ҳафта инвентаризатсияи пурраи корхонаҳоеро, ки барои пардохти қарзҳо ба тавозуни бонкҳо гузаштаанд, анҷом диҳанд ва то охири сол барои фурӯши онҳо ҳамчун маҷмӯи ягонаи истеҳсолӣ ё барқарор намудани фаъолияти онҳо бо ҷалби менеҷерон чораҳо андешанд.

Барои корхонаҳои ноҳияҳои деҳот, ки аъзои оилаҳои ниёзмандро ба кор қабул мекунанд, аз 1 октябр меъёри андози иҷтимоӣ барои чунин кормандон 2 фоиз муқаррар карда мешавад.

Дар ҷаласа ҳамчунин ба истифодаи самараноки имкониятҳои бахши хусусӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Таҷрибаи ноҳияи Оқолтин ҳамчун намунаи мусбат оварда шуд. Дар ин ноҳия як соҳибкор мактаби хусусии дорои 880 ҷойи таҳсил таъсис дода, ба 110 кӯдак аз оилаҳои камбизоат ба таври ройгон таълим медиҳад.

Шарти муҳими ин ташаббус бо кор таъмин кардани волидони кӯдаконе мебошад, ки таҳсилоти ройгон мегиранд, инчунин таъмини мунтазами иштироки онҳо дар дарсҳо. Дар натиҷа волидон соҳиби ҷойи кор мешаванд ва кӯдакон таҳсилоти босифат мегиранд.

Зикр гардид, ки дар як корхонаи дӯзандагии ноҳияи Хазорасп 400 ҷойи кори холӣ мавҷуд аст, аммо бисёре аз занон бинобар набудани шароити нигоҳубини кӯдакон наметавонанд ба кор бароянд. Роҳбари корхона омодагии худро барои таъмин намудани занон бо ғизо ва нақлиёт изҳор намуд, ба шарте ки барои сохтмони боғчаи кӯдакон қитъаи замин ҷудо карда шавад.

Дар робита ба ин таъкид гардид, ки агар соҳибкорон лоиҳаҳои омода оид ба таъсиси боғчаҳои кӯдакон, мактабҳо ва техникумҳоро пешниҳод намуда, ният дошта бошанд, ки ба кӯдакони оилаҳои ниёзманд ба таври ройгон таълим диҳанд, давлат омода аст қитъаҳои заминро бо нархи ибтидоии 1 миллион сӯм ба музояда барорад.

Имкониятҳои соҳаи хизматрасонӣ низ баррасӣ шуданд. Дар ошёнаҳои якуми биноҳои бисёрошёна метавон намудҳои хизматрасонии барои аҳолӣ қулай: сартарошхонаҳо, салонҳои зебоӣ, мағозаҳои хурд, ателйеҳо, устохонаҳои таъмири пойафзол ва техникаи маиширо ташкил кард. Дар айни замон, тартиби мавҷудаи ба фонди ғайриистиқоматӣ гузаронидани манзилҳо мувофиқа ва иҷозатномаҳои зиёдатиро талаб мекунад.

Аз ин рӯ, пешниҳод гардид, ки истифодаи манзилҳои ошёнаҳои якуми биноҳои бисёрошёна барои фаъолияти тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ бидуни гузаронидани онҳо ба категорияи биноҳои ғайриистиқоматӣ иҷозат дода шавад. Фаъолият дар асоси огоҳинома ба роҳ монда мешавад.

Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки дар муҳлати як моҳ рӯйхати намудҳои хизматрасониеро, ки дар чунин биноҳо ташкил кардан мумкин аст, инчунин талаботи бехатариро таҳия намоянд.

Дар ҷаласа инчунин вазифаҳои иловагӣ оид ба ташкили кор дар сатҳи ноҳия ва маҳалла муайян карда шуданд. Пеш аз ҳама, супориш дода шуд, ки дар ҳар як минтақа биноҳои нопурра истифодашаванда ва холӣ, инчунин қитъаҳои заминеро, ки барои васеъ кардани истеҳсолот ва соҳаи хизматрасонӣ мувофиқанд, муайян намуда, онҳоро бо лоиҳаҳои нави соҳибкорӣ пайваст кунанд.

Вазифа гузошта шуд, ки лоиҳаҳои соҳибкориро дар кӯчаҳои серодами ноҳияҳо ва маҳаллаҳо дар асоси нақшаҳои генералии рушд ҷойгир намоянд. Дар шаҳрҳои таърихӣ ва маҳаллаҳои сайёҳӣ пешбинӣ шудааст, ки кӯчаҳо бо услуби «шаҳри кӯҳна» обод карда шуда, шумораи меҳмонхонаҳои хонагӣ, объектҳои савдо ва хизматрасонӣ зиёд карда шавад.

Дар соҳаи кишоварзӣ муҳим будани навсозии боғҳои кӯҳна ва заминҳои истифоданашаванда, баланд бардоштани даромаднокии ҳар як гектар таъкид гардид. Ин имкон медиҳад, ки замин самараноктар истифода шуда, ҳосилнокӣ зиёд ва барои аҳолии деҳот манбаъҳои иловагии даромад фароҳам оварда шаванд.

Дар робита ба муайян намудани ҳудудҳои холии атрофи биноҳои бисёрошёна, ба тартиб даровардани қитъаҳои худсарона ишғолшуда, таъсиси майдончаҳои кӯдакона, минтақаҳои варзишӣ ва фитнес, фазоҳои сабзи истифодаи умумӣ, инчунин равшан кардани кӯчаҳо супоришҳо дода шуданд.

Муҳим будани ҷалби аҳолӣ ба тарзи ҳаёти солим, ташкили сайругашти оммавӣ, машқҳои ҷисмонӣ, варзиши пагоҳирӯзӣ ва шомгоҳӣ дар маҳаллаҳо ва кӯчаҳо таъкид гардид.

Супориш дода шуд, ки барои ба таври оммавӣ омӯзонидани ҷавонон, занон ва шаҳрвандони бекор ба касбу ҳунарҳо ва забонҳо дар биноҳои холии мактабҳо, техникумҳо, донишгоҳҳо ва дигар ташкилотҳо, инчунин дар синфхонаҳои таълимӣ берун аз вақти дарсӣ шароит фароҳам оварда шавад.

Таъкид гардид, ки дар ҳар як маҳалла шаҳрвандони фаъол ва намояндагони насли калонсоле ҳастанд, ки нисбат ба корҳои ҷамъиятӣ бетараф нестанд. Ҷалб намудани онҳо дар атрофи маҳалла имкон медиҳад, ки мардум ба ташаббусҳои созанда ҷалб шуда, рӯҳияи вобастагӣ ва бетафовутӣ бартараф карда шавад.

Дар асоси фармони ба наздикӣ имзошудаи Президент вазифаи муовини Сарвазир оид ба кор бо маҳаллаҳо таъсис дода шуда, роҳбари масъул таъин гардид. Дар назди ӯ вазифа гузошта шуд, ки фаъолияти ҳокимон, идораҳои ноҳиявӣ, «ҳафтгона»-и маҳалла ва бонкҳоро дар низоми ягона ҳамоҳанг намуда, платформаҳои электронии истифодашавандаи онҳоро муттаҳид созад.

Минбаъд оид ба масъалаҳои вобаста ба маҳаллаҳо гузаронидани ҷаласаҳои пароканда аз ҷониби роҳбароне, ки фаъолияти «ҳафтгона»-ро ҳамоҳанг мекунанд, роҳ дода намешавад. Ҳамаи масъалаҳо ҳафтае як маротиба таҳти раёсати муовини Сарвазир бо иштироки ҳамаи роҳбарон баррасӣ хоҳанд шуд.

Сарвари давлат таъкид кард, ки ташкили дурусти кор дар маҳалла, расонидани сиёсати давлатӣ то сатҳи поёнтарин ва таъмини ҳар як оила бо манбаи устувори даромад вазифаҳои муҳимтарини роҳбарони ҳамаи сатҳҳо мебошанд.

Дар ҷаласа ҳисоботи ситодҳои ислоҳот дар маҳалҳо, роҳбарони минтақаҳо, ҳокимони ноҳияҳо ва шаҳрҳо, инчунин шахсони масъул шунида шуданд.