Дар мулоқот, ки бо иштироки аъзои ҳайатҳои расмӣ доир гардид, масъалаҳои рушди минбаъдаи дӯстӣ ва робитаҳои гуногунҷанбаи байни ду мамлакат, инчунин ба марҳалаи сифатан нав баровардани ҳамкориҳо баррасӣ гардиданд.
Фаъол гардидани муколамаҳои сиёсӣ ва табодули байниидоравӣ, инчунин пайваста афзудани ҳаҷми савдои мутақобила ва сармоягузорӣ бо қаноатмандӣ таъкид гардид.
Соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт ва логистика, саноати кӯҳкорӣ, кишоварзӣ, нассоҷӣ, тандурустӣ ва дорусозӣ ба сифати самтҳои афзалиятноки ҳамкории амалӣ арзёбӣ шуданд.
Ба масъалаи имзои созишнома дар бораи савдои имтиёзнок ва дар оянда ба 500 миллион доллар расондани ҳаҷми гардиши савдои мутақобила махсус таваққуф карда шуд.
Таъкид гардид, ки барои рушди минбаъдаи робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ баргузории ҳафтаҳои фарҳанг ва санъат, табодули таҷриба дар самти диниву маърифатӣ, густариши табодули сайёҳӣ ва барқарор намудани робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои бостонӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Аз рӯйи масъалаҳои мубрами дорои аҳамияти байналмилалӣ ва минтақавӣ низ табодули афкор намуданд. Идомаи таҷрибаи дастгирии мутақобила дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Ҳаракати бетарафӣ, формати «Раванди Ақаба» ва дигар созмонҳои бонуфуз муҳим арзёбӣ гардид.
Роҳбарони давлатҳо тасмим гирифтанд, ки муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва Урдунро, ки дар пояи дӯстии анъанавӣ ва эътимоди мутақобила пойдор гардидаанд, ба сатҳи шарикии стратегӣ бароранд.
Бо мақсади таъмини иҷрои пурраи тавофуқоти сатҳи олӣ, ҷонибҳо аз рӯйи қабули «харитаи роҳ»-и фарогир ба мувофиқа расиданд.
Дар анҷоми музокирот Президенти Ӯзбекистон аз Подшоҳи Урдун даъват кард, ки ба кишвари мо ташриф оварад.