Муҳтарам иштирокдорони нишаст!

Пеш аз ҳама мехоҳам ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, муҳтарам Қосим-Ҷомарт Тоқаев барои ташаббуси баргузории нишасти ғайрирасмии Созмони давлатҳои туркӣ дар шаҳри қадимиву зебои Туркистон, инчунин барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипоси самимӣ намоям.

Ҳамчунин ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Гейдарович Алиев барои раёсати самарабахш дар Созмони мо ва талошҳои бузург ҷиҳати таҳкими обрӯи байналмилалии он миннатдории амиқ баён мекунам.

Он чиз маънии амиқи рамзӣ дорад, ки мулоқоти имрӯза дар арафаи иди барои тамоми уммати мусулмон муқаддаси Қурбон баргузор мегардад.

Дар ҳақиқат, ҳамаи моро таърихи куҳан, дини муқаддас, арзишҳо ва анъанаҳои фарҳангии аз умқи асрҳо сарчашмагирифта ба ҳам мепайванданд.

Дар тӯли асрҳо шаҳри Туркистон маркази муҳими тиҷоратӣ ва фарҳангии Роҳи бузурги абрешим буд ва таърихи пуршарафи он бо номи аҷдоди бузурги мо Хоҷа Аҳмади Яссавӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Ин шаҳри муқаддас рамзи равшани ваҳдат ва ҳамбастагии халқҳои мост.

Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам ба Президенти муҳтарам Қосим-Ҷомарт Кемелевич барои суханони самимӣ дар бораи масҷиди бузурги ҷомеъи Туркистон, ки тӯҳфаи дӯстонаи халқи мо ба мардуми бародари Қазоқистон гардид, изҳори сипос намоям.

Кори азими созандагии роҳбарияти Қазоқистон барои дигаргунсозии куллии симои меъмории Туркистон, бешубҳа, ин шаҳрро ба яке аз марказҳои маънавии пайванддиҳандаи халқҳои бародари мо табдил медиҳад.

Муҳтарам иштирокдорони нишаст!

Мулоқоти имрӯзаи мо дар давраи афзоиши танишҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон баргузор мегардад. Норасоии эътимод дар муносибатҳои байналмилалӣ меафзояд ва нақшу нуфузи ниҳодҳои ҷаҳонӣ тадриҷан коҳиш меёбад. Ин мушкилот аз мо тақозо мекунанд, ки муколамаи мутақобиларо фаъол намуда, мавқеъҳои ҳамоҳангро оид ба масъалаҳои муҳим таҳия намоем.

Аз ин нуқтаи назар, ҳамгироии ҷаҳони турк масъалаи дарозмуддати стратегӣ буда, бевосита ба сарнавишти халқҳои мо таъсир мерасонад.

Дар солҳои охир Созмони давлатҳои туркӣ ба сохтори бонуфузе табдил ёфт, ки суръати устувори рушдро нишон медиҳад. Масалан, соли 2025 иқтидори умумии иқтисодии кишварҳои мо аз 2,4 триллион доллар гузашт ва суръати рушди он аз нишондиҳандаи ҷаҳонӣ ду баробар бештар буд. Танҳо дар соли гузашта гардиши молии Ӯзбекистон бо кишварҳои Созмон 14 фоиз афзоиш ёфт. Аз оғози соли ҷорӣ Фонди сармоягузории туркӣ фаъолияти амалиётии худро оғоз кард, инчунин Шӯрои бонкҳои марказӣ ва Шӯрои туркӣ оид ба маблағгузории сабз ба кор оғоз намуданд. Ҳамаи ин таҳкими ниҳодии Созмони моро равшан тасдиқ мекунад.

Дӯстони гиромӣ!

Дар назди мо вазифаҳои таъхирнопазири додани  хусусияти мунтазамӣ ба муносибатҳои бисёрҷанбаи мо қарор доранд.

Бесабаб нишасти имрӯз ба мавзӯи «Зеҳни сунъӣ ва рушди рақамӣ» бахшида нашудааст. Аҷдодони бузурги мо — Муҳаммад Хоразмӣ, Аҳмад Фарғонӣ, Абурайҳони Берунӣ ва Мирзо Улуғбек дар рушди алгоритмҳо, математика, астрономия ва физика саҳми бебаҳо гузошта, бо ин роҳ заминаи зеҳни сунъии муосирро фароҳам оварданд.

Бо такя ба ин мероси бебаҳо, имрӯз мо давраи нави рушди рақамии ҷаҳони туркро бунёд мекунем.

Дар ин робита мехоҳам як қатор ташаббусҳоро оид ба рушди ҳамкорӣ дар ин самт пешниҳод намоям.

Якум, ташкили шабакаи ҳамкории стратегии кишварҳои Созмони мо дар соҳаи зеҳни сунъӣ талаботи замон мебошад.

Бо шарофати чунин механизми муассир мо метавонем нуқтаҳои нави рушди иқтисодиро муайян намуда, технологияҳои абрӣ ва ҳисоббарории квантиро рушд диҳем, инчунин фазои ягонаи рақамии кушода ва муосирро ташаккул диҳем.

Дар солҳои охир Ӯзбекистон якҷо бо сармоягузорони хориҷӣ барои таъсиси марказҳои маълумотҳо 6 миллиард доллар сармоя ҷалб намуд.

Мо пешниҳод мекунем, ки консепсияи «Долони рақамии туркӣ» таҳия шавад, ки марказҳои минтақавии додаҳоро тавассути каналҳои баландсуръати алоқа ба ҳам мепайвандад. Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳамкории амалӣ, мо ният дорем дар шаҳри Тошканд Форуми технологиро бо иштироки давлатҳои аъзои Созмон баргузор намоем.

Дуюм, ҳадафи умумии мо амиқтар гардондани ҳамкорӣ дар соҳаи илм, маориф ва кор бо ҷавонон мебошад.

Маркази тамаддуни исломӣ, ки дар шаҳри Тошканд барои омӯзиш ва тарғиби амиқи мероси муштараки илмӣ ва маънавии мо таъсис дода шудааст, ба маркази бузурги минтақавии илмӣ-маърифатӣ табдил меёбад. Мо ифтитоҳи дафтари ТУРКСОЙ-ро дар ин маҷмаа истиқбол мекунем.

Мо мувофиқи мақсад медонем, ки ба манфиати халқҳоямон талошҳои ин Марказ, ТУРКСОЙ ва Академияи туркӣ барои муттаҳид сохтани манбаъҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дар як платформаи ягонаи «додаҳои бузург» ҳамоҳанг карда шаванд.

Ҳамзамон пешниҳод мекунем, ки омӯзиши амиқи ғояҳои таҳаммулпазирӣ ва маърифатпарварии тариқати Яссавӣ ташкил гардида, баъдан ба таври васеъ паҳн карда шавад.

Тавре медонед, имсол ба шаҳри Хива мақоми «Пойтахти ҷавонони ҷаҳони турк» дода шуд. Ин қарор писарону духтарони моро рӯҳбаланд намуд. Дар доираи чорабиниҳои дахлдор мо омодаем Форуми роҳбарони ҷавон ва Фестивали байналмилалии ҷавононро баргузор намоем.

Бояд қайд кард, ки барои омода намудани кадрҳои рақобатпазир, ки ба талаботи замони босуръат тағйирёбанда ҷавобгӯ бошанд, мо барномаи «Панҷ миллион роҳбарони зеҳни сунъӣ»-ро амалӣ месозем. То имрӯз ба шарофати ин барнома зиёда аз 1 миллион ҷавон малакаҳои ибтидоиро аз худ кардаанд.

Бо мақсади маблағгузории стартапҳои ояндадор, коркардҳои инноватсионӣ ва қарорҳои гуногун дар асоси зеҳни сунъӣ, мо ҳамаи аъзои Созмони давлатҳои туркиро даъват менамоем, ки ба фонди муштараки венчурӣ, ки якҷо бо Қазоқистон таъсис медиҳем, ҳамроҳ шаванд.

Сеюм, барои беҳтар намудани ҳампайвастагии нақлиётӣ таъсис ва ҳамгироии платформаҳои рақамии логистикӣ аҳамияти муҳим дорад.

Дар ин робита мехоҳам бо қаноатмандии зиёд қайд намоям, ки низоми электронии иҷозатномаҳои «E-permit» пурра байни Ӯзбекистон ва ҳамаи давлатҳои аъзои Созмон ҷорӣ ва фаъол гардидааст.

Бо дарназардошти нақши стратегии Долони миёна, мо ба пайваст намудани он бо роҳи оҳани "Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон", ки айни ҳол сохта мешавад, диққати махсус медиҳем.

Ҳамчунин зарур аст, ки татбиқи амалии Созишномаи оид ба ҷорӣ намудани долони содакардашудаи гумрукӣ имзошуда барои осон намудани расмиёти гумрукӣ ва транзитӣ дар марзҳо таъмин карда, мубодилаи додаҳо пурра рақамикунонӣ гардонда шавад. Ин имкон медиҳад, ки интиқоли додаҳо дар тамоми занҷири логистикӣ таъмин шуда, пайгирии борҳо ва ҳамоҳангсозии равандҳо ба роҳ монда шавад.

Чорум, вазъи душвори экологӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, аз давлатҳои мо амалҳои ҳамоҳангшударо талаб мекунад.

Барои ҳалли муассири ин мушкилот лозим аст, ки дар назди Созмони давлатҳои туркӣ низоми мониторинги хавфҳои иқлимӣ дар асоси додаҳои моҳворавӣ таъсис дода шавад. Ин барои ошкорсозии барвақтии хушксолӣ, назорати доимии раванди таназзули хок ва обшавии пиряхҳо, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи идоракунии захираҳои обии фаромарзӣ зарур мебошад.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ оид ба омӯзиши муҳити зист ва тағйирёбии иқлим дар шаҳри Тошканд барои солҳои таҳсили 2026–2027 ба ҷавонони кишварҳои туркӣ 50 грант ҷудо намудааст. Мо ҷавонони худро даъват мекунем, ки аз ин имконият самаранок истифода баранд.

Таваҷҷуҳ ба масъалаҳои экологӣ дар тамоми ҷаҳон меафзояд ва мо пешниҳод мекунем, ки соли 2027 дар доираи Созмони мо «Соли ҳифзи табиат» эълон карда шавад.

Аз фурсат истифода бурда, Шуморо ба иштироки фаъолона дар Ассамблеяи Фонди ҷаҳонии экологӣ ва Форуми ҷаҳонии сарфаи об, ки имсол дар шаҳри Самарқанд баргузор мешаванд, даъват менамоям.

Боз як самти муҳими дигар. Мо ба таҳкими ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои худ дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва ҷараёнҳои бегона даъват менамоем. Дар ин замина, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти киберӣ, омода намудани мутахассисони муосир ва мубодилаи фаврии иттилоот аҳамияти хос дорад. Зарур аст, ки фазои ягонаи амният ва эътимод дар ҷаҳони турк барои ошкор ва пешгирии таҳдидҳои нав таъсис дода шавад.

Ба ин муносибат ташаббуси таъсиси механизми умумӣ – Эътилофи туркӣ оид ба амнияти киберӣ ва ҳифзи инфрасохтори рақамиро пешниҳод менамоям. Илова бар ин, ҳангоми истифодаи зеҳни сунъӣ риояи қатъии меъёрҳои ахлоқӣ бисёр муҳим аст.

Мувофиқи мақсад мебуд ба ин масъалаҳо дар мулоқоти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарони хадамоти махсуси давлатҳои аъзои Созмон, ки имсол дар Самарқанд баргузор мегардад, диққати махсус дода шавад.

Дӯстони азиз!

Аҷдоди бузурги мо Аҳмад Яссавӣ дар китоби худ «Девони ҳикмат» навишта буд:

«Ба халқи турк меҳр варзидам,

Роҳи ваҳдатро роҳи ҳақ донистам».

Имрӯз ин суханони ҳакимона маънии боз ҳам амиқтар пайдо мекунанд. Агар мо дар давраи нав тавонем иқтидори зеҳнӣ ва неруи созандаи кишварҳоямонро муттаҳид созем, ҷаҳони турк, бешубҳа, ба фазои қарорҳои пешрафта ва рушди устувор табдил хоҳад ёфт.

Ҳадафи асосии мо – ба наслҳои оянда на танҳо таърихи бузург, балки мероси бебаҳои маънавиро низ ба ёдгор гузоштан аст, ки онҳо аз он бо ҳақ ифтихор хоҳанд кард.

Бовар дорам, ки Эъломияи Туркистон, ки имрӯз қабул мегардад, риштаҳои бародарии халқҳои моро, ки забонҳо ва дилҳояшон таърихан бо ҳам зич пайвастанд, боз ҳам мустаҳкам намуда, қадами муҳиме дар роҳи расидан ба ҳадафҳои баланд, ки дар консепсияи «Нигоҳи ҷаҳони турк — 2040» муайян шудаанд, хоҳад гардид.