Арк қалъаи қадимаи Бухоро буда, қариб 1500 сол ҳамчун қароргоҳи ҳукмдорон хидмат кардааст. Биноҳои аввалинаш ба асрҳои IV-III пеш аз милод мансуб буда, намуди кунунии он асосан дар асри XVI ташаккул ёфтааст. Пештар он “шаҳр андар шаҳр” ба ҳисоб мерафт, ки қасрҳо, биноҳои маъмурӣ ва анборҳои силоҳро дар бар дошт. Гуфта шуд, ки дар асрҳои миёна дар ин ҷо мутафаккирони бузург, аз ҷумла Рӯдакӣ, Ибни Сино ва баъдтар Умари Хайём зиндагӣ ва эҷод кардаанд.

Маҷмааи Пои Калон ҳамчун яке аз ансамблҳои бузургтарин ва маъруфи меъмории Бухоро дар меҳмонони тоҷикистонӣ завқи зиёд бедор кард. Он манораи машҳурро, ки соли 1127 сохта шудааст ва 45,6 метр баландӣ дорад, масҷиди ҷомеъро, ки дар соли 1514 бунёд гардида, барои 12 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст, инчунин, мадрасаи Мири Араб – яке аз муассисаҳои бонуфузтарини таълимии ҷаҳони исломро дар бар мегирад. Галереяи иборат аз 288 гунбаз, ки ҳавлии масҷидро иҳота кардааст, садҳо сутун ва акустикаи нодир ба маҷмаа шукӯҳу шаҳомати хос мебахшанд.

Ансамбли Лаби Ҳавз яке аз майдонҳои нодири асримиёнагӣ дар Бухоро мебошад, ки то имрӯз ҳифз шудааст ва дар маркази он ҳавзи қадима ҷойгир аст. Тӯли асрҳо сокинони шаҳр барои истироҳат, суҳбат ва тиҷорат ба ин ҷо омадаанд. Ба таркиби маҷмаа мадрасаи Кӯкалдош, мадрасаи Нодир Девонбегӣ ва хонақоҳ дохил мешаванд.

Роҳбари Тоҷикистон ба ҳамоҳангии бадеии ҳар як ёдгории таърихӣ, намунаҳои ҳунармандии миллӣ ва экспонатҳои таърихӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд. Ба меҳмони олиқадр дар бораи хусусиятҳои хоси услуби меъморӣ, инчунин маъно ва моҳияти нақшу рамзҳо маълумоти муфассал дода шуд.

Ин қадамҷойҳо, ки аз таърихи ғании Бухоро, мавқеи он дар Роҳи бузурги абрешим ва саҳми калонаш дар рушди илму фан ва фарҳанг ҳикоя мекунанд, дар ҳайати намояндагони Тоҷикистон таассуроти амиқ гузоштанд.