Халқҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро решаҳои амиқи таърихӣ, ягонагии арзишҳои маънавӣ, дин ва анъанаҳо, инчунин мероси бойи фарҳангӣ ба ҳам мепайвандад.
Дар ҳар ду кишвар анъанаҳои чандинсолаҳои дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамсоягии нек бо эҳтиёт нигоҳ дошта ва рушд дода мешаванд.
Ин чорабинии фарҳангӣ низ далели равшани ҳамин робитаҳо гардид. Дар барномаи консертӣ беҳтарин намунаҳои санъати мусиқӣ ва саҳнавии миллӣ пешкаш шуд, ки, гуногунрангӣ ва ғановати фарҳанги ду халқи бародарро инъикос менамояд.
Баромадҳои муштараки ҳунармандон ва ансамблҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон рамзи ҳамдигарфаҳмӣ, наздикии маънавӣ ва рушди фаъоли муколамаи фарҳангӣ гардиданд.