Дар ҷараёни будубош дар Арабистони Саудӣ зоирон шаҳрҳои муқаддаси Мадина ва Маккаро зиёрат намуда, дар маросими таваққуф дар Арафот иштирок карданд, расму ойинҳои Муздалифа ва Миноро ба ҷо оварда, дигар рукнҳои фарзии Ҳаҷро низ анҷом доданд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

Дар фурудгоҳи Ҷидда роҳбарону кормандони муассисаҳои дипломатии кишвари мо дар Арабистони Саудӣ, инчунин намояндагони Кумитаи корҳои дин ва Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, ки дар ташкили маъракаи Ҳаҷ саҳм доштанд, зоиронро гусел намуданд.

Иштирокчиёни барнома ба Президенти Ӯзбекистон барои фароҳам овардани имконияти зиёрати муқаддасоти ислом изҳори сипос карданд. Ба гуфтаи онҳо, таваҷҷуҳ ба эҳтиёҷоти зоирон ва шароити муҳайёшуда имкон дод, ки тамоми фарзҳои динӣ бо оромӣ ва шоистагӣ иҷро шаванд.

Зоирон ҳамчунин ба Сарвари давлат тансиҳатӣ ва дар ислоҳоти амалишаванда муваффақият орзу намуда, барои Ӯзбекистон сулҳу субот ва шукуфоии минбаъдаро таманно карданд. Онҳо таъкид намуданд, ки пас аз анҷоми муваффақонаи яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои ҳаёти ҳар як мусулмон бо эҳсоси қаноатмандии маънавӣ ба Ватан бармегарданд.