Пеш аз ҳама, Шумо, азизон ва тамоми мардуми Ӯзбекистонро ба муносибати ҷашни мубораке, ки имрӯз дар саросари кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад – Рӯзи дӯстии халқҳо, аз самими қалб табрик мегӯям.

Бидуни шак, дар ин рӯзи фараҳбахш мо бори дигар амиқ эҳсос мекунем, ки сулҳу оромӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо ва адён, таҳаммулпазирӣ ва ҳамбастагӣ, ки бо саъю кӯшишҳои наҷиби халқи сермиллати мо дар ҷомеа ҳукмфармо гардидааст, гаронбаҳотарин сарвати мост.

Имрӯз дар кишвари мо намояндагони беш аз 130 миллату халқият ва 16 конфессияи динӣ, мисли фарзандони як хонавода, дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ карда, дар пешрафту шукуфоии Ватан саҳми арзандаи худро мегузоранд. Мо инро бо ифтихор ва қадрдонӣ эътироф менамоем.

Ин гуногунрангии нодири миллӣ ва фарҳангӣ, ки падидаи воқеан камназири иҷтимоӣ ба шумор меравад, дар таҳкими мавқеъ ва обрӯи Ӯзбекистони Нав ҳамчун давлати инсонпарвар, ки дар он ҳар як шаҳрванд, новобаста аз миллат, забон ва динаш, озоду обод зиндагӣ мекунад, нақши муҳим дорад.

Мо ҳақ дорем аз он ифтихор кунем, ки дар солҳои охир бар пояи ғояи наҷиби “Қуввати мо дар ваҳдат ва ҳамбастагӣ аст” намунаи ибратбахши муносибатҳои байни миллатҳо ва таҳаммулпазириро дар кишварамон ба вуҷуд овардаем.

Имрӯз ислоҳоте, ки дар самти таҳкими муносибатҳои байни миллатҳо амалӣ мегарданд, рӯз аз рӯз густариш ёфта, аз лиҳози мазмун ва сифат ба марҳилаи нави рушд қадам мегузоранд. Дар ин ҷода 10 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои байни миллатҳо, ҳамчун заминаи муҳими ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мо хизмат мекунад.

Дар солҳои охир заминаи моддӣ ва техникии 157 маркази миллии фарҳангӣ ва 46 ҷамъияти дӯстӣ, ки дар биноҳои замонавӣ фаъолият доранд, боз ҳам мустаҳкам гардид. Ҷашнҳои умумихалқӣ, шабҳои дӯстӣ, фестивалҳо ва мулоқотҳое, ки дар ин марказҳо баргузор мешаванд, имрӯз ба чорабиниҳои муҳими маърифатӣ табдил ёфтаанд ва дар ташаккули симои фарҳангии мамлакат нақши арзанда доранд.

Дар муассисаҳои таълимии кишварамон раванди таълим бо ҳафт забон ба роҳ монда шудааст. Мактабҳое, ки таълимро бо забонҳои халқҳои бародар пеш мебаранд, аз ҳисоби давлат бо китобҳои дарсӣ ва адабиёти зарурӣ таъмин мешаванд. Ҳамчунин тавассути шабакаҳои телевизион ва радио барномаҳо бо 12 забон пахш гардида, рӯзномаву маҷаллаҳо бо 14 забон нашр мешаванд.

Соли гузашта, дар арафаи Рӯзи дӯстии халқҳо, павилйони марказҳои миллии фарҳангӣ, ки дар пойтахти мамлакат ифтитоҳ гардид, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифт ва имрӯз ба маконе табдил ёфтааст, ки меҳмонони зиёди хориҷӣ низ аз он боздид мекунанд.

Дар ҳудуди боғи “Ӯзбекистони Нав” дар пойтахт “Боғи таҳаммулпазирӣ” таъсис дода шуд. Ҳамчунин дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳои мамлакат деҳаҳои этнографӣ ва сайёҳӣ ташкил гардидаанд, ки онҳо дар густариши фаъолият дар ин самт нақши муҳим мебозанд.

Дар миёни ҳамватанони мо, ки намояндагони миллатҳои гуногун мебошанд, даҳҳо вакилони мардумӣ ва сенаторон, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони маъруфи соҳаҳои истеҳсолот, илм, фарҳанг, санъат, варзиш ва соҳибкорӣ фаъолияти шоиста доранд. Наздики 2 ҳазор нафар аз онҳо бо унвонҳои олии давлатӣ, ордену медалҳои Ватани азизамон сарфароз гардонида шудаанд. Бе муболиға метавон гуфт, ки ин ҳама намунаи равшани баробарии иҷтимоӣ, адолат ва фарогирӣ мебошад, ки имрӯз дар кишвари мо ҳукмфармост.
Ҳамватанони муҳтарам!

Ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, ки халқҳои паҳновари минтақаи Осиёи Марказӣ аз қадимулайём бар пояи ҳадафҳои муштарак зиндагӣ ва меҳнат намуда, дар роҳи пешрафт ба дастовардҳои бузург ноил гардидаанд. Боиси қаноатмандист, ки чунин анъанаҳои неку созанда дар солҳои охир боз ҳам таҳким ёфта, ба марҳилаи нави рушд ворид шудаанд.

Мо муносибатҳои дӯстонаеро, ки бар пояи эътимоди мутақобила ва эҳтироми ҳамдигар бо давлатҳои ҳамсоя бунёд ёфтаанд, боз ҳам таҳким бахшида, ҳамкории стратегии худро ва муносибатҳои ҳампаймонӣ пайваста густариш медиҳем.
Равуои озоди мардумони кишварҳои мо, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, ки имрӯз бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ мегарданд, аҳамияти хос доранд. Махсусан қобили таъкид аст, ки дар чунин равандҳои ҳаётан муҳим саҳм ва нақши Ӯзбекистон хеле назаррас мебошад.
Дар солҳои охир мо якҷо бо Шумо, бо тамоми халқи азизамон, дар роҳи таҳкими дӯстии халқҳо ба дастовардҳои арзанда ноил гардидем. Минбаъд низ ғанӣ гардонидани ин муваффақиятҳо барои мо яке аз вазифаҳои асосӣ боқӣ хоҳад монд.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки санъат ва фарҳанг ҳамеша дар наздик намудани намояндагони миллатҳои гуногун нақши пули маънавиро иҷро менамояд. Маҳз дар ҳамин замина рушди санъати нотакрори ҳар як миллат боэътимодтарин роҳест, ки ба ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии инсоният раҳнамун месозад.
Бо ҳамин мақсад мо тасмим гирифтаем, ки дар кишварамон ансамбли касбии «Дӯстӣ»-ро, ки аз намояндагони миллатҳо ва халқиятҳои гуногун иборат хоҳад буд, таъсис диҳем. Барои фаъолияти пурсамари он тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Бовар дорам, ки ин ҳайати нави эҷодӣ дар чунин муҳити мусоид ташаккул ёфта, рушд хоҳад кард ва дар ҳаёти фарҳангии мамлакат ҷойгоҳи арзандаи худро соҳиб хоҳад шуд.

Дӯстони азиз!

Ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки дӯстии халқҳо арзиши муқаддаси инсонӣ ва кафолати сулҳ, озодӣ ва зиндагии осудаву обод аст. Имрӯз, ки ҳамаи мо барои саодати худ, оилаҳои худ, фарзандонамон ва барои тақдиру ояндаи Ӯзбекистони азизамон ҳамчун як халқ ва як ҷомеаи ягона саъю талош меварзем, бешубҳа ба ҳадафҳои волои худ хоҳем расид.

Шумо, азизон ва тамоми мардуми кишварро бори дигар аз самими қалб ба муносибати 30 июл – Рӯзи дӯстии халқҳо табрик мегӯям.

Ба ҳамаи шумо сиҳатмандии комил, сулҳу оромӣ, бахти хонаводагӣ ва дар фаъолияти пуршарафатон баҳри шукуфоии Ватан комёбиҳои бузург орзу менамоям.
Бигзор Ӯзбекистони азизамон ҳамеша тинҷу ором ва босубот бошад ва бо меҳнати содиқонаю фидокоронаи ҳамаи мо рӯз аз рӯз боз ҳам ободу шукуфон гардад!

Шавкат Мирзиёев

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон