Дар ин рӯзи фаромӯшнопазир, пеш аз ҳама, дар назди хотираи ҷовидонаи падару бобоёни қаҳрамони худ, ки дар майдонҳои ҷанг ҷасорати бемисл нишон дода, барои раҳоии инсоният аз балои фашизм саҳми арзанда гузоштаанд, сари таъзим фуруд меорем. Ҳамчунин ба собиқадорони ҷангу меҳнат, ба пирамарду пиразанҳои нуронӣ, ки имрӯз байни мо сиҳату саломат умр ба сар мебаранд, эҳтироми бузурги худро изҳор менамоем.

Мо инчунин хотираи хидматчиёни далери ҳарбӣ ва кормандони шуҷои мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки тӯли солҳои истиқлолият дар роҳи ҳифзи дахлнопазирии марзҳои Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи мардум қаҳрамонона ҳалок шудаанд, бо меҳру эҳтиром ёд мекунем.

Дӯстони муҳтарам!

Халқу диёри мо дар мубориза бар зидди фашизм бо тамоми халқҳои сулҳпарвари ҷаҳон дар як саф истода, дар Ғалабаи бузург саҳми муносиб гузоштанд. Бо ин чӣ қадар ифтихор намоем, сарфароз бошем, арзанда аст. Тибқи маълумоти таърихӣ, дар ҷангҳои зидди фашизм аз 6 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии онвақтаи ҷумҳурӣ, 1 миллиону 950 ҳазор нафар иштирок кардаанд.

Аз ин миқдор қариб ним миллион нафар дар майдони набард ҳалок гардида, 158 ҳазор нафар бедарак гум шудаанд, беш аз 60 ҳазор нафар ҳамватани мо маъюб шуда баргаштаанд. Гарчанд аз байн ин қадар сол гузашт, ин рақамҳои ғамангез то ҳол ҳам қалбҳои моро ба дард меоранд.

Дар замони ҷанг 214 ҳазор нафар сарбозону афсарони ӯзбекистонӣ бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардида, аз онҳо 301 нафар соҳиби унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шудаанд, 70 нафар ҳамватанони мо бошанд, бо ҳар се дараҷаи ордени “Шараф” (“Слава”) қадрдонӣ гардидаанд.

Дар он солҳои оташину пурмашаққат мардуми мо бо шиори “Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба!” шабу рӯз бо рӯҳияи баланди сафарбарӣ зиндагӣ кардаанд. Ӯзбекистон ба пойгоҳи мустаҳками таъминоти фронт табдил ёфт. Мардуми мо, ки инсонпарвариро ба арзиши бузург табдил дода буданд, ба зиёда аз 1 миллиону 500 ҳазор, ки аз минтақаҳои ҷангзада кӯчонида шудаанд, аз ҷумла 250 ҳазор кӯдаки ятим, ки аз падару модар ва оилаи худ ҷудо шудаанд, сарпаноҳ дода, меҳру муҳаббат зоҳир намуданд.

Ҳамватанони гиромӣ!

Мо барои омӯзиши амиқ ва тарғиби васеи фаъолияти ибратбахши падару бобоёни ғолибу музаффари худ дар роҳи ҳифзи озодии Ватан ва осоиштагии халқ, корҳои зиёдеро татбиқ менамоем. Бахусус, Боғи Ғалаба, инчунин маҷмааҳои ёдгории “Нури хотира” ва “Фидоиёни миллат”-и ҳайати он, ки тӯли солҳои охир дар шаҳри Тошканд бунёд гардидаанд, барои мардуми мо ба маконҳои муқаддас табдил меёбанд.

Дар Ӯзбекистони Нав корҳои мо ҷиҳати арҷгузорӣ ба қадри инсон, бахусус дастгирии ҳамаҷонибаи собиқадорони ҷанг ва меҳнат, намояндагони насли калонсол ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои зиндагии солиму пурмазмуни онҳо пайгирона идома доранд. Вақте дар ин бора ҳарф мезанем, бояд таъкид кард, ки соли ҷорӣ ба муносибати ид ба иштирокдорон ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳон ба миқдори 30 миллион сӯм мукофотпулӣ дода шуд. Ҳамчунин, барои ҳифзи саломатии иштирокдорон ва маъюбони ҷанг, собиқадорони меҳнат, ба таври ройгон ва имтиёзнок фиристодани онҳо ба осоишгоҳ ва мавзеъҳои истироҳатӣ низоми муассири дастгирӣ амал мекунад.

Дар ин рӯзҳои мубораки ид намояндагони ҳокимиятҳои маҳаллӣ, вакилони ҷамъиятӣ ва ҷавонон ба хонадони собиқадорони ҷанг ва меҳнат, инчунин хидматчиёни ҳарбие, ки тӯли солҳои истиқлолият ҳангоми адои вазифаи хидматӣ ҳалок шудаанд, ташриф оварда, аз ҳоли аъзои оилаҳои онҳо хабар мегиранд, эҳтирому ғамхории баланд зоҳир менамоянд.

Дар саросари мамлакат таҳти шиори “Ӯҳдадорӣ, ҷасорат ва матонат!” маросимҳои ёдбуд, чорабиниҳои фарҳангӣ, вохӯриҳои се насл ва мусобиқаҳои оммавии варзишӣ баргузор мегарданд.

Ҳамватанони азиз!

Замони ниҳоят пуртаҳлукаи имрӯз худ аз ҳамаи мо тақозо мекунад, ки сулҳу субот дар ҷомеа, муҳити дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни миллатҳо ва конфессияҳои диниро боз ҳам бештар қадр намоем.

Ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кард, ки ваҳдати миллӣ ва ҳамҷиҳатӣ – сарвати бебаҳои мо, асоси мустаҳками тамоми дастовард ва пирӯзиҳои мост.
Дар ин замони мураккаб ҳифзи истиқлолияти Ватан, осоиштагии мардум, таҳкими иқтидори иқтисодӣ ва тавоноии Қувваҳои Мусаллаҳ, густариши ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, бо давлатҳои ҳамсоя, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳимояи онҳо аз таъсирҳои зараровар барои мо чун вазифаи ҳалкунанда боқӣ мемонад. Боварии комил дорам, ки дар ин ҷода мактаби мардӣ ва матонати ниёи бузург ва халқи мо, ки 81 сол пеш дар афрохтани парчами Ғалаба дар ҷаҳон саҳми арзанда гузошта буданд, ба мо чун неруи мададрасон хидмат мекунад.

Аз фурсат истифода бурда, халқҳои бародар ва тамоми инсонҳои накӯниятро, ки дар рафъи балои фашизм ҷоннисорӣ кардаанд, бо ин ҷашни пуршараф самимона табрик гуфта, ба онҳо пешрафти устувор ва зиндагии фаровон таманно дорем.

Ҳамватанони азизу муҳтарам!

Шумо, собиқадорони муҳтарам, тамоми халқу диёрро бори дигар аз таҳти дил табрик гуфта, бароятон сиҳатмандию саломатӣ, бахту омад ва ба хонадонҳоятон сулҳу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Бигзор, мардуми меҳнатдӯсту донишманди мо ҳамеша амон бошад!

Худованд дар ҳамаи амалҳои накӯямон дастгирӣ намояд!

Иди хотира ва қадр бар ҳамаи мо муборак бошад!

 

Шавкат Мирзиёев

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон