Роҳбари давлати мо дар саммити ғайрирасмии Созмони давлатҳои туркӣ, ки дар шаҳри Туркистон таҳти мавзӯи «Зеҳни сунъӣ ва рушди рақамӣ» баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард.

Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия ва муҳити зист, инчунин рушди инфрасохтори рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва татбиқи амалии зеҳни сунъӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Сарони ҳайатҳо инчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои чорабинӣ қабули Эъломияи Туркистон пешбинӣ шудааст.