Дар мулоқот ҷанбаҳои муҳими рушди минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистону Сербия дар заминаи татбиқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда баррасӣ шуданд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба афзоиши гардиши мол ва омодасозии барномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ, саноати коркард, саноати кимиё ва электротехника, дорусозӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо равона гардид.

Аҳамияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои башардӯстона, аз ҷумла баргузории нахустин форуми ректорон, инчунин рӯзҳои мутақобилаи кино ва фарҳанг таъкид шуд.

Роҳбарон ҳамчунин оид ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ табодули назар намуда, ҷадвали чорабиниҳои дар сатҳи олӣ дарпешистодаро баррасӣ карданд.