Сарвари давлат бо лоиҳаҳои онҳо, ки ба рушди ҳаёти маҳалла, экология, стартапҳо, муҳандисӣ ва густариши фарҳанги китобхонӣ нигаронида шудаанд, шинос гардида, бо ташаббускорони лоиҳаҳо суҳбат орост.

Сардори ҷавонони маҳаллаи «Обод»-и ноҳияи Фарғона Исломбек Муҳаммадҷонов дар маҳаллаи худ маркази таълимии «Обод таълим»-ро таъсис дода, ба беш аз 600 нафар ҳамсолонаш касбҳои замонавӣ ва забонҳои хориҷиро омӯхтааст. Ӯ гуфт, ки дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ бо ширкатҳои бонуфузи Олмон фаъолияти худро ба бозори ҷаҳонӣ баровардааст. Дар натиҷаи чунин ҳаракати амалӣ маҳалла ба минтақаи бидунӣ бекорӣ ва ҷинояткории ҷавонон табдил ёфтааст.

Инчунин, ташаббусҳои ҳамоҳангсози Бунёди «Ташаббусҳои сабз», магистранти “Green University” Гулираъно Мамирова низ сазовори диққатанд. Лоиҳаҳои ӯ ҷиҳати роҳандозии стартапҳои иҷтимоиву экологӣ ва навовариҳои «сабз» таваҷҷуҳи Сарвари давлатро ба худ ҷалб кард.

Талошҳои эҷодии ғолиби номинатсияи «Ғояи беҳтарин» дар озмуни рангтасвир Одинахон Маъмурҷонова, матонати Чинора Ғуломова, ки сарфи назар аз маҳдудияти имконоти ҷисмонии худ барои кӯдаконе, ки дар хона таҳсил мекунанд, лоиҳаи «Бихон ва рушд кун»-ро амалӣ менамояд, низ аз ҷониби Сарвари давлат баланд арзёбӣ шуданд. Аз рӯйи дастгирии ташаббусҳои онҳо, ки барои таҳкими муҳити фарогир дар ҷомеа нигаронида шудаанд, ба масъулон супориш дода шуд.

Дар майдони стартапҳо, соҳибкорӣ ва касбу ҳунари намоишгоҳ иқтидори зеҳнии ҷавонони кишвар, ки дар арсаи байналмилалӣ рақобат карда метавонанд, ба намоиш гузошта шуд.

Хатмкардаи Мактаби президентӣ, донишҷӯи Донишгоҳи Чикаго Асилбек Ашуров дар ҳаждаҳсолагӣ стартапи «Makon AI»-ро таъсис дода, платформаи омодагӣ ба имтиҳонҳои SAT/AP-ро дар заминаи зеҳни сунъӣ таҳия кардааст.

Ӯ гуфт, ки алҳол ин стартап дар ИМА, инчунин минтақаҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ аз 100 ҳазор муштарӣ ва сармоягузорон 380 ҳазор доллар сармоя ҷалб намуда, арзиши лоиҳа 3 миллион доллар арзёбӣ мешавад.

Ҳамчунин дастовардҳои Сардорбек Раҳматуллоев – нахустин намояндаи ӯзбек дар барномаи акселератори бонуфузи ҷаҳонии «Y Combinator», ки дар ИМА стартапи сердаромадро таъсис дода, дар ширкати «Meta Superintelligence» таҷрибаи касбӣ андӯхтааст, ҳамчун яке аз дастовардҳои муҳими экосистемаи миллии стартапҳо эътироф гардид.

Президент таъкид намуд, ки татбиқи густурдаи чунин лоиҳаҳои баландтехнологӣ дар мамлакат ва барои ба бозорҳои хориҷӣ баромадани соҳибкоркорони ҷавон кумак расонидан, минбаъд низ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ хоҳад монд.

Дар доираи муаррифии дастовардҳои соҳаи муҳандисӣ ва инноватсия, муваффақиятҳои донишҷӯён дар самтҳои зеҳни сунъӣ ва робототехника баррасӣ шуданд.

Донишҷӯи Донишгоҳи политехникии Турини шаҳри Тошканд, чемпиони мамлакат оид ба пойгаи дронӣ Билолиддин Исмоилов гуфт, ки дар офаридан ва такмил додани низомҳои маҳаллии зиддидронӣ иштирок дорад.

Лоиҳаи муваффақи донишҷӯи Донишгоҳи давлатии техникии Нуқус, резиденти Технопарки ҷавонони Нуқус Айзада Асанова дар самти «Автомобилҳои насли нав» бошад, аз рушди босуръати мактабҳои муҳандисӣ дар минтақаҳои кишвар гувоҳӣ медиҳад. Сарвари давлат зарурати дар соҳаҳои гуногун ҷорӣ намудани чунин коркардҳои инноватсиониро таъкид намуд.

Дастовардҳои насли наврас дар соҳаҳои фарҳангу маърифат ва рушди фарҳанги китобхонӣ низ аз мавзӯъҳои асосии ин мулоқот буданд.

Зикр гардид, ки дастовардҳои ҷоизадори озмунҳои байналмилалии зебоӣ ва санъат Нигина Фахриддинова ва навозандаи ҷавон Амина Авазова барои баланд бардоштани нуфузи байналмилалии фарҳанги миллии мо хидмат мекунанд.

Ҳамзамон, лоиҳаҳои рақамие, ки ба густариши китобхонӣ миёни аҳолӣ нигаронида шудаанд, муаррифӣ гардиданд. Роҳбари лоиҳаи «Мутолаа» Сироҷиддин Олимов гуфт, ки барномаи мобилии таҳияшуда қариб 5 миллион маротиба боргирӣ шуда, шумораи китобҳои мутолиашудаи он аз 18 миллион афзудааст.

Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия Нилуфар Эргашева муаллифи китоби «Сухани сабз» (“Яшил сӯз”) ва иштирокдори лоиҳаи «Сухан» аст.

Ӯ пешниҳод намуд, ки тавассути таҳияи харитаи адабии Ӯзбекистон сайёҳии адабӣ рушд дода шавад, инчунин, дар Маҷмааи илмиву маърифатӣ ва сайёҳии «Бурҳониддин Марғинонӣ» шомҳои бузурги назму наво, маҳфилҳои шеъри эҷодкорони ӯзбек ва барномаҳои калони консерти бадеӣ гузаронида шаванд.

Президент Шавкат Мирзиёев дар мулоқоти самимӣ бо ҷавонон лоиҳа ва ташаббусҳои ояндадорро, ки аз ҷониби онҳо пешниҳод гардиданд, дастгирӣ намуд.