Саида Мирзиёева дар суханронии худ нақши махсуси низоми
мустақили судиро дар таъмини адолат ва волоияти қонун таъкид кард.
«Президенти
мо борҳо таъкид намудаанд, ки барои мардум аз ҳама муҳим адолат аст. Дар ҷомеаи
мо набояд барои қонуншиканӣ ва коррупсия ҷой бошад. Ҳар гуна ислоҳоте, ки ба беҳтар
гардидани зиндагии шаҳрвандон нигаронда шудааст, танҳо дар сурати мавҷуд будани
суди мустақил ва одил самарабахш хоҳад буд.
Имрӯз дар Маркази байналмилалии молиявии Тошканд суде
таъсис дода мешавад, ки бар пояи усулҳои ҳуқуқи англисӣ фаъолият хоҳад кард. Муҳим
аст, ки низоми судии кишвар низ ба равишҳои нав боз бошад ва таҷрибаи пешқадами
байналмилалиро фаъолона ҷорӣ намояд.
Низоми судӣ бояд ҳамчун як механизми ягонаи муназзам —
самаранок, бефосила ва новобаста аз тағйироти кадрӣ, ба шахсони алоҳида такя накарда
фаъолият кунад. Ҳар як судя бояд масъулияти баланди касби худро бо шараф ва қадршиносӣ
ба дӯш гирад», — гуфт Саида Мирзиёева.
Роҳбари Администратстяи Президент инчунин ба Робахон Маҳмудова
дар вазифаи нави пурмасъул матонат, хирадмандӣ ва қабули қарорҳои ростину
одилонаро таманно намуд.