Пеш аз ҳама, аз табрики таҳтидилонаи шумо, азизон дар шаҳри куҳану ҳамешаҷавони Самарқанд, ки яке аз марказҳои қадимии тамаддуни туркӣ мебошад, бениҳоят хурсандам.
Бешубҳа, баргузор гардидани ин ҷамъомад дар пойтахти салтанати Соҳибқирон Амир Темур, ки ҳамеша бо такя ба тамоюлҳои адолат кор пеш мебурд ва дар рӯзҳое, ки 690-солагии зодрӯзи мубораки ин зоти бузург дар сатҳи байналмилалӣ ба таври васеъ таҷлил мегардад, ба анҷуман шукӯҳи хос мебахшад.
Созмони давлатҳои туркӣ, ки мавқеъ ва нуфузаш дар ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт меафзояд, имрӯз дар самти ваҳдат ва тараққиёти туркӣ нақши муҳим мебозад, ки ин боиси ғуруру ифтихори бузурги мо мегардад.
Дӯстони муҳтарам!
Дар фаъолияти Созмони давлатҳои туркӣ масъалаҳои таъмини волоияти қонун, идоракунии самарабахш ва ҳифзи ҳуқуқи инсон мавқеи алоҳида дорад. Бахусус, дар вазъияти мураккаби кунунӣ, ки дар харитаи геосиёсии ҷаҳон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, миқёси зиддият ва низоъҳо шиддат меёбанд, муҳокимаи муштараки ин масъалаҳо ва дарёфти роҳҳои ҳалли самараноки онҳо аҳамияти мубрам касб менамояд.
Албатта, мо аз Шӯроҳои судяҳо дар таъмини адолат ва устувории қонун, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва ташкил намудани корпуси пуриқтидори судяҳо дар ҳаёти мамлакатҳоямон умеди калон дорем.
Аз ҳамин ҷиҳат, бовар дорам, ки масъалаҳои ба рӯзномаи ҷамъомади имрӯза воридшуда дар фаъолияти ояндаи Шӯроҳо самтҳои навро муайян менамояд.
Бахусус, Ёддошти тафоҳум дар бораи принсипҳои умумии одоби судяҳо дар давлатҳои аъзо, ки интизор меравад дар доираи анҷуман ба имзо расад, барои мустаҳкам намудани умумияти анъанаҳои таърихию ҳуқуқии халқҳои турк ва ҳамбастагии меъёрҳои муштараки ахлоқии байни низомҳои судӣ хидмат хоҳад кард.
Ҳамчунин, ин ҳуҷҷати муҳим аҳамияти меъёрҳои хулқу рафтори судяҳоро, ки дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудаанд, эътироф намуда, муносибати эҳтиромонаро ба анъанаҳои ҳуқуқии миллӣ низ пешбинӣ мекунад.
Бояд гуфт, дар Форуми академияҳои адолати судӣ, ки 6 майи соли ҷорӣ дар Тошканд доир гардид, ҳуҷҷати байналмилалӣ оид ба меъёрҳои ҳадди ақали ташкили низоми таълимии давлатҳои туркӣ дар соҳаи суду ҳуқуқ қабул карда шуд.
Ин иқдом бахусус, аз он ҷиҳат сазовори диққат аст, ки ба ҷорӣ намудани низоми нав ва универсалии омодасозии судяҳо дар мамлакатҳоямон нигаронида шудааст.
Иштирокдорони гиромии анҷуман!
Бовар дорам, ки шумо дар ҷамъомади Самарқанд дар роҳи расидан ба мақсадҳои нек, чун таъмини устувории қонун ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, ки яке аз вазифаҳои афзалиятнок барои тамоми давлатҳо ба шумор меравад, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардед.
Муҳимтар аз ҳама, чунин форумҳо бешубҳа, барои боз ҳам пурзӯр гардидани шарикии стратегӣ дар байни мамлакатҳоямон, риштаҳои дӯстию бародарӣ миёни халқҳоямон, инчунин, баланд бардоштани обрӯю эътибор ва нуфузи ҷаҳони турк дар арсаи байналмилалӣ хидмат хоҳанд кард.
Бори дигар шуморо бо иштирокатон дар ин чорабинӣ табрик гуфта, дар фаъолияти бисёр бошараф ва пурмасъулиятатон барор, саломатии мустаҳкам ва ба кори анҷуман муваффақиятҳо таманно менамоям.
Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон