Ташаббускорони таъсиси он Намояндагии Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб, Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндагони ҷомеаи соҳибкорони Ӯзбекистон бо дастгирии Палатаи тиҷоратии Дубай мебошанд.

Шӯро ба як минбари нави ҳамкории мустақими соҳибкорони Ӯзбекистон ва Дубай табдил хоҳад ёфт. Фаъолияти он ба рушди робитаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ, пайдо намудани шарикони нав ва пешбурди ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун равона карда мешавад.

Барои ин заминаи назарраси иқтисодӣ аллакай фароҳам шудааст. Айни замон дар Ӯзбекистон беш аз 450 ширкат бо иштироки сармояи Амороти Муттаҳидаи Араб фаъолият мекунанд. Ҳаҷми сармоягузории Аморот дар се соли охир тақрибан ба 3 миллиард доллар расидааст. Соли 2025 гардиши савдои байни ду кишвар 1,2 миллиард долларро ташкил дод.

Нахустин ҷаласаи Шӯро дар қароргоҳи Палатаи тиҷоратии Дубай баргузор шуд. Дар маркази муҳокимаҳо имкониятҳои нави тиҷоратӣ, тавсеаи сармоягузориҳои мутақобила, таҳкими робитаҳо миёни ширкатҳо, табодули таҷриба ва иттилоот, инчунин ташкили чорабиниҳои муштараки соҳибкорӣ қарор гирифтанд.

Фаъолияти соҳибкорони Ӯзбекистон дар Дубай низ идома дорад. Тибқи натиҷаҳои соли гузашта, дар Палатаи тиҷоратии Дубай 826 ширкати фаъол аз Ӯзбекистон ба қайд гирифта шуда буд, ки нисбат ба соли қаблӣ 21,3 фоиз зиёд аст. Дар нимсолаи аввали соли 2026 боз 75 ширкат ба узвияти Палата пайвастанд.

Таъсиси Шӯрои тиҷоратии Ӯзбекистон механизми доимии ба роҳ мондани робитаҳои мустақим миёни соҳибкорон ва сармоягузорон, пешбурди лоиҳаҳои нав ва таҳкими минбаъдаи шарикии дарозмуддати тиҷоративу сармоягузории миёни Ӯзбекистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабро фароҳам меорад.