Тавре ширкати Uzbekistan
Airports хабар додааст, парвозҳо ҳамарӯза бо ҳавопаймоҳои Airbus A320 анҷом дода мешаванд, ки
барои мусофирон робитаи қулайи ҳавоӣ байни пойтахтҳои Ӯзбекистон ва Амороти
Муттаҳидаи Арабро таъмин мекунад.
Etihad Airways — ширкати миллии ҳавопаймоии Амороти Муттаҳидаи Араб буда, соли 2003
таъсис ёфтааст ва қароргоҳи он дар фурудгоҳи байналмилалии Абу-Дабӣ ҷойгир аст.
Ворид шудани ин ширкат ба бозори Ӯзбекистон рӯйдоди муҳим барои рушди ҳамлу нақли
байналмилалии ҳавоии кишвар ба ҳисоб меравад.
Ин ширкати ҳавопаймоӣ яке аз бузургтарин интиқолдиҳандагони
Ховари Миёна буда, шабакаи васеи парвозҳоро ба кишварҳои минтақаи Халиҷи Форс,
Осиё, Аврупо, Африқо, Австралия ва Амрикои Шимолӣ фаро мегирад.
Ифтитоҳи ин хатсайр ба мусофирони Ӯзбекистон имкон медиҳад,
ки ба яке аз бузургтарин марказҳои байналмилалии авиатсионии минтақа дар
Абу-Дабӣ дастрасии осон пайдо намуда, аз он ҷо ба самтҳои гуногуни ҷаҳон бо
парвозҳои пайвасткунанда сафар намоянд.