Қавитарин
пасларза 5,3 баллро ташкил дода, бар асари он се нафар ҷони худро аз даст
доданд.
Дар ин бора Агентии метеорология, иқлимшиносӣ ва геофизикаи Индонезия хабар
дод.
Ғайр аз ин, 108 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Дар натиҷаи
заминларза дар маҷмӯъ зиёда аз 6400 нафар зарар дидаанд.
Заминларза 16 июн дар наздикии соҳилҳои Индонезия рух
дода буд. Маркази он дар масофаи 46 километр ҷанубу шарқи шаҳри Палу, воқеъ дар
ҷазираи Сулавесӣ ҷойгир буда, дар он тақрибан 282 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.
Бино ба иттилои манбаъ, маркази заминларза дар умқи 10 километр қарор дошт.