Ба иттилои агентии Fars, ки аз мақомоти вилояти Хузистон нақл мекунад, снаряд ба як истгоҳи насоси кишоварзӣ дар ноҳияи Маҳшаҳр бархӯрдааст.

Захмиён ба беморхона интиқол дода шудаанд. Дар бораи вазъи саломатии онҳо маълумоти иловагӣ нашр нашудааст.

Шаҳристони Маҳшаҳр, ки дар соҳили Халиҷи Форс ҷойгир аст, яке аз марказҳои муҳими саноати нафту кимиёи вилояти Хузистон ба ҳисоб меравад.