Дар ин бора хадамоти матбуоти Кумитаи гумруки Ӯзбекистон хабар дод.

Ҳангоми санҷиши мошини боркаш бо ядак, ки холӣ буд, саги хизматӣ аломати шубҳанок дод. Пас аз ин кормандони гумрук ба азназаргузаронии амиқи воситаи нақлиёт шурӯъ карданд. Мошинро сокини 33-солаи ноҳияи Тирмиз идора мекард. Дар натиҷа, дар қисми поёнии ядак 98 бастаи ҳашиш ва афюн ошкор гардид.

Тибқи иттилои мақомоти гумрук, барои гумроҳ кардани таҷҳизоти назоратии рентгенӣ дар гузаргоҳи гумрукӣ бастаҳо бо истифода аз полиэтилен, фолга ва лентаи часпак дар чор қабат печонида шудаанд.

Дар 79 баста ҳашиш (бо вазни умумии 42 килою 335 грамм, бо дарназардошти бастабандӣ), ва дар 19 баста афюн (бо вазни 10 килою 260 грамм) ошкор гардид. Ҳамин тариқ, вазни умумии маводи мухаддир 52 килою 595 граммро ташкил дод.

Тибқи ҳисобҳо, аз ин миқдор метавон тақрибан 340 ҳазор вояи инфиродӣ омода кард.

Ба иттилои Кумитаи гумрук, аз аввали сол кормандони ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ беш аз 1,9 тонна маводи мухаддир мусодира кардаанд.