Фестивал барои ошно намудани доираи васеи ҷомеа бо анъанаҳои
чандинсола ва аз насл ба насл интиқолёбандаи гулдӯзии миллӣ, тарғиби маҳорати ҳунармандони
чирадаст ва афзоиши таваҷҷуҳ ба ин навъи ҳунари мардумӣ равона шудааст.
Дар чорабинӣ гулдӯзони моҳир аз минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон,
инчунин кишварҳои ҳамсоя иштирок мекунанд. Онҳо намунаҳои нодири ҳунари худро
ба маъраз гузошта, меҳмононро бо хусусиятҳои гулдӯзии анъанавӣ шинос менамоянд.
Дар
доираи фестивал чорабиниҳои зерин ташкил шудаанд:
намоиши
намунаҳои гулдӯзии миллӣ;
муаррифии
корҳои эҷодии ҳунармандон;
баргузории
дарсҳои маҳорат оид ба гулдӯзӣ;
намоиш
ва муаррифии ҳунарҳои миллӣ;
чорабиниҳои
фарҳангӣ ва фароғатӣ;
вохӯриҳо
ва барномаҳои табодули таҷриба миёни ҳунармандони ӯзбек ва хориҷӣ.
Фестивал
ба ҳифз ва рушди минбаъдаи санъати анъанавии гулдӯзӣ, инчунин таҳкими робитаҳои
фарҳангӣ миёни ҳунармандони Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо мусоидат мекунад.