Дар фестивал
директорон ва коргардонҳои асосии театрҳои Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон
ва Тоҷикистон ҷамъ меоянд. Дар доираи барнома намоишҳои театрӣ, дарсҳои маҳорат ва мизи мудаввар оид ба сиёсати репертуарӣ
бо иштироки мунаққидони маъруфи театрии Русия баргузор мешаванд, хабар медиҳад
АИ «Дунё».
Маросими ифтитоҳи бошукӯҳи фестивал 14 октябр дар Театри
давлатии тамошобини ҷавони Ӯзбекистон баргузор мегардад. Ҳунармандони театр барои маросими ифтитоҳ
махсус «Шоуи масхарабоз»-ро омода
кардаанд.
Ҳамон рӯз дар
Хонаи русӣ дар Тошканд мизи мудаввар оид ба масъалаҳои рушди санъати театрӣ ва
сиёсати репертуарӣ баргузор мешавад.
Аз 15 то 19
октябр барои ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони Ӯзбекистон ва Театри
давлатии академии драмавии русии Ӯзбекистон дарсҳои маҳорат оид ба нутқи саҳнавӣ ва низоми ҳунарии
Михаил Чехов баргузор хоҳанд шуд.
Дар доираи
фестивал ҳамчунин намоишҳои театрҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русия ба саҳна
гузошта мешаванд.
15 октябр Театри давлатии ҷавонони Ӯзбекистон намоиши
«Сагбача»-ро аз рӯи ҳикояҳои Леонид Андреев, ки аз ҷониби Театри вилоятии
драмавии русии Қустанай таҳия шудааст, пешкаши тамошобинон мекунад.
16 октябр дар саҳнаи
Театри давлатии академии драмавии русии Ӯзбекистон намоиши «Қайиқи танҳо»
баргузор мешавад. Баъдан дар ҳамин саҳна комедияи «Модари угайи Саманишвили» намоиш дода шуда, пас аз он
маросими супоридани дипломҳо ба иштирокчиёни фестивал баргузор мегардад.
Барномаи
фестивалро 19 октябр намоиши «Вий»-и театри
Перми
«У моста», ки бар асоси повести ҳамноми
Николай Гогол таҳия шудааст, ҷамъбаст мекунад.