Дар ин мусобиқа зиёда аз 3000 дзюдочӣ аз кишварҳои Бразилия, Испания, Русия, Қатар, Арабистони Саудӣ, Гурҷистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок доранд. Варзишгарон барои ба даст овардани медалҳо дар гурӯҳҳои гуногуни синну сол ва вазн рақобат мекунанд.

Раванди мусобиқа аз ҷониби роҳбарони Кумитаи миллии олимпӣ ва Федератсияи дзюдои Ӯзбекистон  назорат карда мешавад.

Ин мусобиқа ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор шуда, то 4 июн идома хоҳад ёфт.