Ҳадафи
асосии баргузории ин фестивал афзоиши ҷараёни сайёҳон, табодули таҷриба дар соҳаи
токпарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ангурӣ, муаррифӣ ва пешбурди имкониятҳои
экотуризм дар бозорҳои байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба
кишвар мебошад.
Барномаи
фарҳангии фестивал низ рангин буда, дар он ҳунарнамоии дастаҳои фолклории миллӣ
ва сарояндагони эстрада, инчунин чорабиниҳои фарогир, ки расму ойин ва анъанаҳои
мардумиро инъикос мекунанд, пешбинӣ шудааст.
Дар
ин замина, намояндагони ташкилотҳои сайёҳӣ, меҳмонон, сайёҳон ва сокинони маҳаллӣ
ба фестивали байналмилалии «Узум сайли» даъват карда мешаванд.