Тибқи ҳуҷҷат, аз 1 июли соли 2026 ҳаҷми нафақаҳо,
кумакпулиҳо, инчунин пардохтҳо барои кӯдакон ва ёрии моддӣ ба оилаҳое, ки ба
низоми «Феҳристи иҷтимоӣ» дохил шудаанд, 7 фоиз зиёд карда мешавад.
Аз ҷумла:
ҳадди ақалли нафақа аз рӯйи синну сол дар як моҳ 983 000
сӯмро ташкил медиҳад;
ҳадди ақалли нафақа аз рӯйи маъюбӣ — 1 миллиону 83 ҳазор
сӯм.
Барои оилаҳое, ки ба «Феҳристи иҷтимоӣ» дохил шудаанд,
кумакпулии ҳармоҳа барои кӯдакон ба андозаи зерин муқаррар мешавад:
барои
як кӯдаки то 3-сола — 386 000 сӯм;
барои
як кӯдаки аз 3 то 18-сола — 295 000 сӯм;
пардохти
иловагӣ барои кӯдаки дуюм — 177 000 сӯм;
пардохти
иловагӣ барои кӯдаки сеюм ва ҳар як кӯдаки минбаъда — 118 000
сӯм.
Ҳаҷми
ёрии моддии ҳармоҳа ба оилаҳои ба «Феҳристи иҷтимоӣ» дохилшуда 450 000
сӯмро ташкил медиҳад.
Илова
бар ин, аз 1 сентябри соли 2026 ҳаҷми музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ
ва стипендияҳо 7 фоиз зиёд карда мешавад.
Ҳамчунин
нишондиҳандаҳои нави асосӣ муайян гардиданд:
аз
1 июли соли 2026 маблағи асосӣ барои ҳисоб намудани нафақаҳо дар як моҳ 504 000
сӯмро ташкил медиҳад;
аз
1 сентябри соли 2026:
ҳадди
ақалли музди меҳнат дар як моҳ 1 миллиону 360 ҳазор сӯм мешавад;
маблағи
ҳисобии базавӣ (МҲБ) ба андозаи 440 ҳазор сӯм муқаррар мегардад.
Андозаҳои
нави пардохтҳо дар доираи тадбирҳо оид ба афзоиши даромади аҳолӣ ва дастгирии иҷтимоии
шаҳрвандон ҷорӣ карда мешаванд.