Тибқи ҳуҷҷат, аз 1 июли соли 2026 ҳаҷми нафақаҳо, кумакпулиҳо, инчунин пардохтҳо барои кӯдакон ва ёрии моддӣ ба оилаҳое, ки ба низоми «Феҳристи иҷтимоӣ» дохил шудаанд, 7 фоиз зиёд карда мешавад.

Аз ҷумла:

ҳадди ақалли нафақа аз рӯйи синну сол дар як моҳ 983 000 сӯмро ташкил медиҳад;

ҳадди ақалли нафақа аз рӯйи маъюбӣ — 1 миллиону 83 ҳазор сӯм.

Барои оилаҳое, ки ба «Феҳристи иҷтимоӣ» дохил шудаанд, кумакпулии ҳармоҳа барои кӯдакон ба андозаи зерин муқаррар мешавад:

барои як кӯдаки то 3-сола — 386 000 сӯм;

барои як кӯдаки аз 3 то 18-сола — 295 000 сӯм;

пардохти иловагӣ барои кӯдаки дуюм — 177 000 сӯм;

пардохти иловагӣ барои кӯдаки сеюм ва ҳар як кӯдаки минбаъда — 118 000 сӯм.

Ҳаҷми ёрии моддии ҳармоҳа ба оилаҳои ба «Феҳристи иҷтимоӣ» дохилшуда 450 000 сӯмро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, аз 1 сентябри соли 2026 ҳаҷми музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 7 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҳамчунин нишондиҳандаҳои нави асосӣ муайян гардиданд:

аз 1 июли соли 2026 маблағи асосӣ барои ҳисоб намудани нафақаҳо дар як моҳ 504 000 сӯмро ташкил медиҳад;

аз 1 сентябри соли 2026:

ҳадди ақалли музди меҳнат дар як моҳ 1 миллиону 360 ҳазор сӯм мешавад;

маблағи ҳисобии базавӣ (МҲБ) ба андозаи 440 ҳазор сӯм муқаррар мегардад.

Андозаҳои нави пардохтҳо дар доираи тадбирҳо оид ба афзоиши даромади аҳолӣ ва дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон ҷорӣ карда мешаванд.