Мувофиқи қарор, дар вилояти Тошканд боғҳои зерин таъсис дода мешаванд:
боғи миллии табиии «Овҷазсой – Синегоре» дар масоҳати 9,2 ҳазор гектар дар хоҷагии давлатии ҷангали Оҳангарони ноҳияи Оҳангарон;
боғи миллии табиии «Писком» дар масоҳати 156,7 ҳазор гектар дар хоҷагии давлатии ҷангали Бурҷимуллои ноҳияи Бӯстонлиқ.
Дар вилояти Фарғона, Боғи миллии табиии Фарғона бо масоҳати умумии 22,9 ҳазор гектар бо истифода аз 13,9 ҳазор гектар замини захиравии давлатӣ дар ноҳияҳои Ӯзбекистон ва Сӯх, инчунин 8,9 ҳазор гектар замини корхонаҳои давлатии хоҷагии ҷангали Фарғона ва Қӯқанд таъсис дода мешавад.
Қаламрави Боғи миллии табиии "Поп" дар вилояти Намангон то 125,3 ҳазор гектар васеъ карда мешавад, ки аз ҷумла 33,6 ҳазор гектар замини захиравии давлатӣ дар теппаҳои Мингбулоқ ва Поп ва 91,2 ҳазор гектар замини корхонаи махсуси давлатии хоҷагии ҷангали Поп мебошад.