Бо ин мақсад қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи такмили низоми расонидани хизматҳои иҷтимоӣ ба шахсони дорои ҷои муайяни зистнабуда» қабул гардид.

Тибқи қарори мазкур, ки 3 августи соли 2026 қабул шудааст, Марказҳои тавонбахшии шахсони дорои ҷои муайяни зистнабудаи мақомоти корҳои дохилӣ ба Марказҳои паноҳгоҳи муваққатӣ ва барқарорсозии иҷтимоӣ табдили ном мекунанд.

Ҳамзамон, таҷрибаи ҷойгир намудани шахсони бехона дар Марказҳои иҷтимоӣ бар асоси қарори суд бекор карда мешавад.

Аз 1 сентябри соли 2026:

- шахсони бехона ба Марказҳои иҷтимоӣ танҳо бо розигии худ ҷойгир карда мешаванд;
- шахсони дар Марказҳои иҷтимоӣ ҷойгиршуда бо паноҳгоҳи муваққатӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои барои ин марказҳо ҷудошуда бо маводи ғизоӣ ва воситаҳои гигиенаи шахсӣ таъмин карда мешаванд;

- ба шахсони дар Марказҳои иҷтимоӣ ҷойгиршуда тибқи нақшаҳои инфиродӣ хизматрасонӣ ва ёрии иҷтимоӣ расонида мешавад.

Аз 1 октябри соли 2026 шахсони бехонае, ки дар Марказҳои иҷтимоӣ ҷойгир шудаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳамчун бекор эътироф гардида, барои омӯзиши касбӣ ба онҳо тавассути шуъбаҳои кам кардани камбизоатӣ ва мусоидат ба шуғли аҳолии ноҳияҳо (шаҳрҳо) ваучерҳо ҷудо карда мешаванд.

Дар давраи будубоши шахсони бехона дар Марказҳои иҷтимоӣ онҳо аз рӯи маҳалли иқомати муваққатӣ дар ин муассиса ба қайд гирифта мешаванд.
Хароҷоти марбут ба боҷи давлатӣ барои ба қайд гирифтани шахсони бехона аз рӯи маҳалли иқомати муваққатӣ ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият аз ҳисоби маблағҳои Бунёди «Саховат ва кўмак» пардохт карда мешавад.