Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29 июли соли 2026, №415 «Дар бораи тасдиқи рӯйхати кишварҳои хориҷие, ки ҳимояи баробарарзиши маълумоти шахсиро таъмин мекунанд», ба ин рӯйхат 49 кишвар шомил шудаанд.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи маълумоти шахсӣ» аз 2 июли соли 2019, интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ ба кишварҳои дар рӯйхат воридшуда тавассути низомҳои иттилоотии дар асоси созишномаҳои байналмилалӣ таъсисёфта, бидуни гирифтани иҷозаи иловагӣ ва огоҳ намудани мақоми ваколатдори давлатӣ иҷозат дода мешавад. Ин дар сурате имконпазир аст, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии маълумот чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Интиқоли маълумоти шахсӣ ба ҳар шакл ба кишварҳое, ки ба рӯйхат шомил нестанд, низ иҷозат дода мешавад. Аммо дар ин ҳолат оператор ва соҳиби пойгоҳи маълумоти шахсӣ бояд талаботи ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва техникии муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатиро риоя кунад.
Ҳамчунин, агар ҳангоми интиқоли фаромарзии маълумот ихроҷи маълумоти шахсӣ ошкор шавад, оператори пойгоҳи маълумот вазифадор аст дар давоми 24 соат аз лаҳзаи ошкор шудани ҳолат мақоми дахлдори давлатиро огоҳ намояд. Дар давоми 72 соат бошад, бояд маълумоти муфассал дар бораи сабабҳои ихроҷ ва чораҳои андешидашуда барои бартараф кардани он пешниҳод гардад.
Ёдовар мешавем, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маълумоти шахсӣ Маркази давлатии персонализатсия назди Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.
Ҳамчунин, дар назар аст, ки дар давоми се моҳи оянда Ӯзбекистон ба Конвенсия оид ба ҳифзи шахсони воқеӣ ҳангоми коркарди автоматии маълумоти шахсӣ, ки 28 январи соли 1981 дар шаҳри Страсбург қабул шудааст, ҳамроҳ шавад. Илова бар ин, масъалаи ворид намудани Ӯзбекистон ба рӯйхати кишварҳое, ки ҳимояи маълумоти шахсии шаҳрвандони давлатҳои хориҷиро таъмин мекунанд, баррасӣ хоҳад шуд.

Қарори мазкур дар Пойгоҳи миллии маълумоти қонунгузории Ӯзбекистон ба забони давлатӣ нашр шуда, аз 3 августи соли 2026 мавриди амал қарор гирифт.