Бо ин мақсад Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ платформаи «Ogoh fuqaro» («Шаҳрванди ҳушёр»)-ро ба кор даровард.

Бо истифода аз платформа шаҳрвандон метавонанд:

дар бораи ҳолати ошкоршудаи сохтмони ғайриқонунӣ хабар диҳанд;

суроғаи дақиқро нишон дода, маълумоти муфассал пешниҳод кунанд;

дар ҳолати зарурӣ аксҳо ва дигар маводи тасдиқкунандаро замима намоянд.

Пешниҳоди чунин муроҷиатҳо имкон медиҳад, ки вайронкуниҳои меъёрҳои шаҳрсозӣ сари вақт ошкор гардида, барои ташаккули муҳити шаҳрии бехатар ва муназзам мусоидат карда шавад.

Дар паёми вазорат гуфта мешавад: «Агар шумо шоҳиди сохтмони ғайриқонунӣ шуда бошед, дар ин бора тавассути платформаи “Ogoh fuqaro” хабар диҳед».