Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Шавкат Мирзиёев аз сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Италия
Гуидо де Санктис, Давлати Фаластин Ваилла Батреха, Шоҳигарии
Арабистони Саудӣ Саъд Абуҳаймид, Давлати
Кувайт Турки Ал-Мекрат, Ҷумҳурии Халқии Демократии
Алҷазоир
Ҷамила
Ашур, Малайзия Рафида бинти Абдул Азиз, Ҷумҳурии Исломии
Покистон Муҳаммад Муддасир Типу, Ҷумҳурии Озарбойҷон Рашод
Мамедов ва Ҷумҳурии Қазоқистон Ерали
Тугҷонов
эътиборномаҳояшонро қабул кард.
Сарвари давлати мо сарони
намояндагиҳои дипломатиро бо оғози вазифаашон
дар Ӯзбекистони Нав самимона муборакбод намуд.
Таъкид гардид, ки дар даврони
мураккаби кунунӣ, ҳангоме ки дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон шиддати
геосиёсӣ меафзояд, фаъолияти дипломатҳо торафт моҳияти рӯзмарра касб
мекунад.
Президенти кишвари мо ба ҳар як сафир
алоҳида
муроҷиат карда, бобати вазифаҳои бартаринок
бинобар вусъати минбаъдаи ҳамкорӣ бо давлатҳое, ки онҳо намояндагӣ мекунанд,
таваққуф намуд.
Таъкид шуд, ки Италия шарики муҳим ба шумор
меравад, ин кишвар дорои иқтидори бузурги сиёсӣ ва иқтисодӣ мебошад,
татбиқсозии лоиҳаҳои муштарак
дар соҳаҳои энергетикаи “сабз”,
металлургия, саноати кимиё, хоҷагии қишлоқ, нигаҳдории
тандурустӣ, дорусозӣ, таълим ва
сайёҳӣ, ҳамчунин
фаъолияти бомуваффайияти бахшҳои тошкандии Донишгоҳи политехникии
Турин ва Донишгоҳи Пизан қайд гардид.
Роҳбари Ӯзбекистон
рушди ҳамкориро бо минтақаҳои Ломбардия
ва Таскана, аз ҷумла ташаббуси муштарак бобати тайёр кардани кадрҳои тиббиро
дастгирӣ намуд.
Қайд гардид, ки муносибатҳо бо Фаластин
дар пояи робитаҳои деринаи дӯстӣ инкишоф
меёбанд. Ӯзбекистон ҷонибдори
танзими сулҳхоҳонаи зиддияти байни Фаластин ва
Исроил дар пояи раванди “ду давлат барои ду халқ” мебошад.
Таъкид шуд, ки узвияти кишвари
мо ба Шӯрои сулҳ ба сифати
давлати муассис ба кӯмакрасонӣ барои барқарорсозии Ғоза нигаронида
шудааст.
Қайд гардид, ки ҳамкорӣ бо
Арабистони Саудӣ ибратбахшаст.
Роҳбари
давлати мо маҷмӯи лоиҳаҳои муштаракро
ба маблағи 25 миллиард доллар, ки бунёди рушди Саудия барои
ҳамкории
фаъол бобати татбиқсозӣ ислоҳот дар Ӯзбекистон
равона мекунанд, махсус таъкид намуд.
Ғайр аз ин мавҷудияти
имкониятҳои назаррас барои вусъат додани ҳамкорӣ дар ҷанбаҳои нигаҳдории
тандурустӣ, дорусозӣ ва
энергетикаи “сабз” таъкид карда шуд. Ба шароите, ки барои шаҳрвандони
кившари мо бобати зиёратҳои Ҳаҷ ва Умра фароҳам оварда
мешаванд, баҳои баланд дода шуд.
Мавҷуд будани
имкониятҳои васеъ баҳри ба дараҷаи сифатан нав
бардоштани сатҳи ҳамкориҳо бо Кувайт
дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ, инфрасохтор,
ҷанбаҳои нигаҳдории
тандурустӣ ва таълим, ҳамчунин татбиқсозии лоиҳаҳои муштарак бо
Оҷонсии
сармоявии Кувайт дар соҳаи нафту кимиё ва дар пояи механизмҳои шарикии
давлативу хусусӣ таъкид карда шуд.
Қайд гардид, ки пурра татбиқ сохтани муоҳидаҳое, ки дар сатҳи олӣ ба даст
омадаанд, ба манфиатҳои мардуми ҳар ду кишвар
хидмат мекунанд.
Солҳои охир хеле
фаъол гардидани робитаҳои дараҷаи олӣ бо Алҷазоир зикр
карда шуд.
Барои татбиқ намудани лоиҳаҳои муфиди
тарафайн дар соҳаҳаои нафту газ, энергетика,
саноати маъданҳои кӯҳӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ имкониятҳои бузург мавҷуданд. Муҳимияти созмон
додани Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва имзо
кардани Муоҳида дар бораи савдои соҳавӣ таъкид шуд.
Солҳои охир
муносибат бо Малайзия бинобар тамоми самтҳо мунтазам
инкишоф меёбад. Робитаҳо дар дараҷаҳои олӣ ва баланд
фаъолтар шуданд. Ширкатҳои пешқадами Малайзия
ба бозори Ӯзбекистон то рафт фаъолтар ворид мешаванд.
Президенти Ӯзбекистон мавҷудияти
имкониятҳои бузургро барои инкишоф додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати
нимноқилҳо, нафту кимиё, молияҳои исломӣ ва сайёҳии зиёратӣ таъкид кард.
Муносибати шарикии стратегӣ бо Покистон,
ки рушд доштанд, дар пояи эҳтиром ва эътиқоди тарафайн
инкишоф меёбанд ва ба дараҷаи сифатан нав бардошта
мешаванд.
Қайд гардид, ки ба роҳ мондани
хатсайри бевоситаи авиатсонии Тошканд – Қарочӣ, татбиқсозии лоиҳаи Гузаргоҳи нақлиётӣ траснафғонӣ, ҳамчунин
минбаъд амиқсозии шарикӣ дар соҳаҳои кооператсияи
саноатӣ, энергетика, хоҷагии қишлоқ, саноати
бофандагӣ, дорусозӣ ва сайёҳӣ вазифаҳои бартаринок
ба шумор мераванд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳо бо Озарбойҷон ба шарофати
иродаи қатъии сиёсии сарони ду давлат ба сатҳи шарикии
стратегӣ ва иттифоқӣ бардошта
шуданд. Ҳаҷми савдои тарафайн 40 фоиз
афзуд, миқдори корхонаҳои муштарак тақрибан ба 450
адад расид, ҳаҷми боркашонӣ бошад, ду
баробар зиёд гардид.
Бобати маҷмӯи муштараки
сармоявии байни Ӯзбекистон ва Озорбойҷонро дар
пешомади наздиктарин то ба 10 миллиард доллар расондан мақсади бузург
пеш гузошта шудааст.
Қайд гардид, ки вохӯриҳои дараҷаи олии
пешистода ба ҳамкориҳои дуҷониба такони
нав хоҳанд бахшид.
Роҳбари давлати
мо ба сафири Қазоқистон муроҷиат карда,
таъкид сохт, ки риштаҳои таърихии дӯстии байни
кишварҳои мо мустаҳкамтар
мешаванд, муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ мустақимона вусъат
меёбанд.
Таъкид шуд, ки ҳаҷми савдои
тарафайнро то ба 10 миллиард доллар расондан масқсади асосӣ ба шумор
меравад, маҷмӯи лоиҳаҳои муштараки
сармоявӣ ба маблағи 8 миллиард
доллар ташаккул дода шудааст. Манфитадорӣ аз пурра ба
кор андохтани Маркази байналмилалии кооператсияи саноатии “Осиёи Марказӣ” изҳор гардид.
Дар анҷоми маросим роҳбари давлати
мо ба сафирони навтаъиншуда дар фаъолияти ифтихориву масъулиятноки дипломатии
онҳо
комёбиҳои бузург орзу кард ва таъкид намуд, ки барои таҳкими минбаъдаи
шарикии муфиди тарафайн тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда
мешаванд. Президент ҳамчунин аз тамоми сафирон даъват ба амал овард, ки
бо сектори хусусӣ ва минтақаҳо ҳамкориҳои тарафайнро
ба роҳ монанд, бо дигаргуниҳои
бунёдкоронае, ки дар маҳалҳо рух медиҳанд, аз наздик
шинос шаванд.
Дипломатҳо дар навбати
худ барои пазироии самимӣ ва фароҳам овардани
шароит миннатдории гарму ҷушон изҳор намуданд ва
иброз доштанд, ки барои пешбурди фаъоли ҳамкориҳои бисёрҷанба бо Ӯзбекистон
тамоми саъю ғайрати худро сафарбар менамоянд.