Дар оғози мулоқот Нарендра Моди роҳбари давлати моро ба муносибати Рӯзи истиқлол табрик гуфта, ба мардуми Ӯзбекистон сулҳу осоиш, некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу намуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи Ӯзбекистону Ҳиндустонро баррасӣ карданд.
Бо қаноатмандии амиқ идомаи робитаҳои фаъол ва самарабахш дар сатҳҳои гуногун таъкид гардид.
Натиҷаҳои соли гузашта нишон медиҳанд, ки гардиши савдои байни ду кишвар бори аввал аз 1 миллиард доллар гузашт. Дар солҳои охир шумораи корхонаҳои муштарак ҳафт баробар афзоиш ёфтааст. Байни ду кишвар ҳафтае 14 парвози мустақими ҳавоӣ анҷом дода мешавад.
Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф низ густариш меёбад. Дар Ӯзбекистон чор донишгоҳи Ҳиндустон фаъолият мекунад.
Ба рушди робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мешавад. Дар ин самт Маркази фарҳанги Ҳиндустон ба номи Лал Баҳодур Шастри ва Маркази ҳиндушиносӣ ба номи Маҳатма Гандӣ нақши муҳим доранд.
Гуфта шуд, ки маъруфияти йога дар Ӯзбекистон рӯ ба афзоиш буда, ҳамкорӣ дар ин самт низ фаъолона рушд мекунад.
Аҳамияти таърихии сафари кунунӣ таъкид гардид. Ин сафар муносибатҳои Ӯзбекистону Ҳиндустонро ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ хоҳад баровард.
Зикр гардид, ки дар муносибатҳои Ӯзбекистону Ҳиндустон ин марҳилаи навро оғоз намуда, барои густариши минбаъдаи ҳамкории амалӣ дар ҳамаи самтҳои афзалиятнок заминаи устувор фароҳам меорад.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои сиёсӣ ва табодули назарро дар ҳама сатҳҳо, аз ҷумла тавассути гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ ва Шӯрои соҳибкорӣ фаъол гардонанд.
Бо мақсади ҳамоҳангсозии самараноки ҳамкорӣ таъсиси механизми ҳамоҳангсозӣ дар сатҳи роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба таври муфассал баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо мавҷудияти иқтидори бузургро барои чанд баробар зиёд намудани ҳаҷми савдои мутақобила таъкид намуда, ба мувофиқа расиданд, ки барои то соли 2030 ба 5 миллиард доллар расонидани гардиши савдо чораҳои зарурӣ андешанд.
Ба рушди ҳамкории саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир гардид. Дурнамои ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешрафтаи Ҳиндустон дар соҳаҳои энергетика, электротехника, металлургия, маъданҳои муҳим, тандурустӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ ва саноати заргарӣ таъкид гардид.
Ба рушди ҳамкории байниминтақавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Барқарор шудани робитаҳои зичи шарикӣ байни вилояти Андиҷон ва иёлати Гуҷарот, вилояти Фарғона ва иёлати Ҳарёна, вилояти Самарқанд ва шаҳри Агра қайд гардид.
Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитариро баррасӣ карданд. Дар бораи баргузории мунтазами Рӯзҳои фарҳанг, консерт, намоишгоҳ, форум ва фестивалҳои кино ба мувофиқа расиданд. Дар доираи ин сафар ба имзо расонидани Барномаи панҷсолаи табодули фарҳангӣ пешбинӣ шудааст.
Дар рафти музокирот инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Роҳбарон ҳамкории самарабахши ду кишварро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ бо қаноатмандӣ қайд карданд. Ҷонибҳо зарурати идомаи таҷрибаи дастгирии мутақобилаи ташаббусҳо дар доираи СММ, СҲШ, БРИКС ва дигар созмонҳои байналмилалиро таъкид намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ба роҳбарони вазоратҳо ва идораҳо супориш дода шуд, ки татбиқи фаъолонаи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштаракро таъмин намоянд.
Аз рӯи ҳар як самти афзалиятнок «харитаҳои роҳ» бо механизмҳои мушаххас, масъулони иҷро ва муҳлатҳои татбиқ қабул карда мешаванд.