Чорабинӣ дар маҷмааи сайёҳии «Олтин бел»-и маҳаллаи Кумушкон баргузор гардид.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки як сол қабл вазифаи бунёди маҷмааи бузурги сайёҳӣ дар ин минтақа гузошта шуда буд. Дар натиҷаи фароҳам овардани имконият барои лоиҳакашон, сохтмончиён ва истеҳсолкунандагони маҳаллӣ дар муддати кӯтоҳ дар масоҳати 47 гектар мавзеъи муосири истироҳатӣ бунёд гардид.
Маҷмаа дар як вақт метавонад ба 6 ҳазор нафар хидмат расонад. Дар ин ҷо таъсиси 600 ҷойи нави корӣ дар назар аст, 300 нафар мутахассис омода гардидааст. Аз корхонаҳои маҳаллӣ харидорӣ шудани 95 фоизи маҳсулоти корҳои сохтмон ва таҷҳизонидан барои 20 фоиз арзон шудани арзиши аслии лоиҳа имкон дод.
Дар дигар минтақаҳо низ васеъ татбиқ намудани ин таҷриба зарур арзёбӣ шуд. Таъкид гардид, ки саноати масолеҳи сохтмон ва сайёҳӣ бояд ба соҳаҳои ҳамдигарро пуркунанда, барои якдигар имкониятҳои нав фароҳамоварданда табдил дода шаванд.
Дар мулоқот нахуст натиҷаҳое, ки дар саноати масолеҳи сохтмон ба даст омадаанд ва имкониятҳои мавҷуда таҳлил гардиданд.
Дар даҳ соли охир ба соҳа 12 миллиард доллар сармоя ворид гардида, беш аз 5 ҳазор корхонаи муосир ба фаъолият шурӯъ карданд. Соли ҷорӣ аз 7 триллион сӯми соли 2016 ба 65 триллион сӯм расонидани ҳаҷми истеҳсолот ва аз 75 миллион доллар ба 1,5 миллиард доллар баровардани содирот дар назар аст.
Корҳои васеи сохтмонӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки дар мамлакат амалӣ мешаванд, барои маҳсулоти маҳаллӣ бозори бузург фароҳам меоранд. Дар кишварҳои ҳамсоя ва минтақаҳои наздик низ талабот ба ин маҳсулот зиёд аст.
Гуфта шуд, ки тавассути афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашудаи баланд, дастгирии корхонаҳои маҳаллӣ ҷиҳати роҳ ёфтан ба бозорҳои хориҷӣ ва тавсеаи имкониятҳои логистикӣ дар солҳои наздик ҳаҷми содироти соҳаро ба 5 миллиард доллар расонидан имконпазир аст.
Ғайр аз ин, баланд бардоштани сифат, тарроҳӣ ва рақобатпазирии маҳсулот ҳанӯз чун вазифаи муҳим боқӣ мемонад. Ҳоло дар мамлакат барои қонеъ кардани талаботи дохилӣ аз рӯйи 161 намуди масолеҳи сохтмон иқтидорҳои зарурӣ офарида шудаанд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз воридоти баъзе маҳсулот соле 780 миллион долларро ташкил медиҳад.
Аз ин рӯ, вазифа гузошта шуд, ки талаботи бозори дохилӣ дақиқ омӯхта шуда, дар асоси ҷалби технологияи муосир ва брендҳои байналмилалӣ иқтидорҳои нави истеҳсолӣ таъсис дода шаванд. Дар ин самт бо ширкати «Betek»-и Туркия шурӯъ гардидани сохтмони корхонаи истеҳсоли ранг ва лак дар ноҳияи Зангиота ба маблағи 30 миллион доллар гуфта шуд.
Ба масъалаи бо масолеҳи сохтмонии истеҳсоли маҳаллӣ таъмин намудани лоиҳаҳои бузурги стратегӣ диққати махсус дода шуд. Аз ҷумла, барои сохтмони неругоҳи барқи атомии вилояти Ҷиззах масолеҳи сохтмон ба маблағи 2,2 миллиард доллар зарур аст.
Бо ин мақсад дар маҳаллаи Эгизбулоқ дар масоҳати 200 гектар минтақаи махсуси саноатӣ ташкил гардида, истеҳсоли 70 намуди маҳсулоти нав ба нақша гирифта шудааст. Ба масъулон супориш шуд, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва масолеҳеро, ки дар лоиҳаҳои бузург талаботи зиёд доранд, муайян намуда, татбиқсозии амалии лоиҳаҳоро ба маблағи умумии 20 миллиард доллар оғоз кунанд.
Инчунин, ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти дорои арзиши иловашудаи баланд чораҳои ҷудо намудани захираҳои молиявии имтиёзнок ва қисман ҷуброн кардани хароҷоти корхонаҳо барои харидии таҷҳизоти каммасрафи неруи барқ муайян гардиданд.
Имкониятҳои коркарди амиқи ашёи хом ва истифодаи босамари партовҳо дар саноати сангҳои ороишӣ низ баррасӣ шуданд. Дар ин самт вазифа гузошта шуд, ки конҳои нав дар асоси тамоюли «партови сифрӣ» азхуд гардида, дар атрофи конҳои мавҷуда корхонаҳои коркард таъсис дода шаванд.
Сарвари давлат ба масъалаҳои кам кардани арзиши аслии сохтмон ва истифодаи оқилонаи маблағҳои буҷетӣ низ таваққуф кард. Дар баъзе минтақаҳо ба таври назаррас фарқ арзиши сохтмони иншооти монанд ва боиси ин ҳолат гардидани миёнаравҳои зиёдатӣ ва борҳо тағйир додани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ танқид карда шуд.
Аз соли оянда дар сохтмонҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷет амалӣ мегарданд, талаботи дар навбати аввал истифода намудани маҳсулоти маҳаллӣ ҷорӣ мешавад. Дар портали хариди давлатӣ барои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ майдончаи махсуси савдо ташкил карда мешавад.
Инчунин, барои соҳибкороне, ки дар Тошканди Нав корҳои сохтмонӣ анҷом медиҳанд, линияи кредитии 200 миллион долларӣ ҷиҳати харидории масолеҳи маҳаллӣ боз карда мешавад.
Бо мақсади назорати сифати масолеҳи сохтмон ва ҳифзи аҳолӣ аз маҳсулоти хатарнок дар шаҳрҳои Тошканд, Фарғона ва Самарқанд се озмоишгоҳи муосири санҷишӣ таъсис дода мешавад. Вазифаҳои трансформатсияи институтҳои лоиҳакашӣ, ҷорӣ намудани технологияи пешрафта дар сохтмон ва ҷалби сармоягузорони хусусӣ ба ин раванд низ муайян гардиданд.
Қисми минбаъдаи мулоқот ба масъалаҳои рушди сайёҳӣ, беҳтар намудани сифати хидматрасонӣ ва ҷалби сармоя ба соҳа бахшида шуд.
Аз аввали соли ҷорӣ ба кишварамон 11,6 миллион сайёҳи хориҷӣ ташриф оварданд. Дар ду соли охир муҳлати будубоши сайёҳоне, ки аз кишварҳои дури хориҷӣ меоянд, ба ҳисоби миёна аз 6,5 ба 8 рӯз расидааст. Ҳиссаи сайёҳони дорои қобилияти баланди пардохт аз 14 ба 21 фоиз ва хароҷоти миёнаи ҳар як сайёҳ 21 фоиз афзудааст.
Президенти кишвар таъкид намуд, ки минбаъд дар соҳаи сайёҳӣ бояд якҷо бо шумораи сайёҳон, ба сифати хидматрасонӣ, фароҳам овардани шароит барои будубоши бештар ва хароҷоти зиёдтар кардани онҳо диққат карда шавад.
Бо ин мақсад чораҳои ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ дар соҳа васеъ мешаванд. Барои сохтмони меҳмонхона захираҳои молиявии имтиёзнок ҷудо гардида, имтиёзҳо аз рӯйи андози замин ва молу мулк то соли 2030 тамдид шудаанд. Барои ширкатҳои сайёҳӣ ва хидматрасонии нақлиёти сайёҳӣ низ имтиёзҳои иловагӣ ҷорӣ гардидаанд.
Дар доираи Стратегияи рушди сайёҳӣ, ки дар ояндаи наздик қабул хоҳад шуд, ба 20 миллион нафар расонидани шумораи сайёҳони хориҷӣ, ба 7 фоиз баровардани ҳиссаи соҳа дар иқтисодиёт ва ба 10 миллиард доллар расонидани содироти хидматрасонии сайёҳӣ чун мақсад муайян гардидааст.
Барои татбиқсозии лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар минтақаҳо боз 5 ҳазор гектар замин омода карда мешавад. Инчунин, супориш шуд, ки дар давоми як моҳ ҷиҳати татбиқсозии лоиҳаҳои сайёҳии ба маблағи умумии 11 миллиард доллар таҳияшуда корҳои амалиро оғоз намоянд.
Гуфта шуд, ки нахустин Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки 25–27 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, барои пешбурди лоиҳаҳои нав имконияти муҳим фароҳам меорад. Дар он иштироки беш аз 100 сармоягузори бузург аз зиёда аз 25 кишвар дар назар аст. Дар назди роҳбарони минтақаҳо вазифа гузошта шуд, ки дар доираи форум ба мувофиқаҳои мушаххаси сармоягузорӣ ноил гарданд.
Таъмини фаъолияти мавзеъҳои сайёҳӣ дар давоми сол, зиёд намудани хидматрасониҳои савдо ва фароғатӣ, инчунин истифодаи босамари инфрасохтори мавҷуда муҳим арзёбӣ гардид.
Ба баргузории мунтазами чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ дар марказҳои конгрессӣ, меҳмонхона ва маҷмааҳои сайёҳии минтақаҳо низ диққати махсус дода шуд. Минбаъд ҳар як вазир барои дар кишвари мо баргузор намудани на камтар аз 3-4 чорабинии бузурги солонаи созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи худ масъул хоҳад буд. Ба Ҳукумат супориш шуд, ки дар ин самт нақшаи дусоларо тасдиқ намояд.
Дар доираи рушди самтҳои нави сайёҳӣ имкониятҳои роҳандозии хидматрасонӣ бо пуфакҳои ҳавоӣ, параплан ва делтаплан баррасӣ шуданд. Вазифа гузошта шуд, ки ҷиҳати анҷом додани ин фаъолият тартиби гирифтани иҷозатро содда намуда, аз соли оянда дар ҳар як минтақа на камтар аз як адад чунин нуқтаи хизматрасонӣ ташкил карда шавад.
Ба масъалаи мутобиқ намудани ҳаракати нақлиёт ба мавзеъҳои сайёҳӣ бо назардошти талаботи сайёҳон низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Гуфта шуд, ки вақти ҳаракати қатораҳо дар баъзе хатсайрҳо ба сайёҳон имкон намедиҳад, ки бо минтақа ба таври комил шинос шаванд. Ба масъулон супориш шуд, ки дар як моҳ ҷадвали ҳаракати қатора ва парвозҳои дохилиро аз нав баррасӣ намоянд.
Васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳои байналмилалӣ низ ба сифати вазифаи муҳим муайян гардид. Ҳоло аз Ӯзбекистон ба 102 шаҳри ҷаҳон парвозҳои мустақим мавҷуд. Дар ин самт оид ба ҷалби ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ба хатсайрҳои нав, аз ҷумла истифодаи имкониятҳои «озодии панҷуми ҳавоӣ» дастурҳо дода шуданд.
Инчунин, чораҳои роҳандозии хидматрасониҳои пардохтии мусоиж барои сайёҳон, густариши ҳамгироӣ бо низомҳои байналмилалии пардохт ва зиёд намудани нуқтаҳои савдои сайёр дар мавзеъҳои сайёҳӣ муайян гардиданд.
Сарвари давлат ба масъалаи ҳавасмандгардонии мутахассисоне, ки дар соҳаи сайёҳӣ фидокорона фаъолият мекунанд, низ таваққуф намуд. Дар доираи ташаббуси таъсиси унвони фахрии «Корманди хизматнишондодаи сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» («Ӯзбекистон Республикасида хизмат кўрсатган туризм ходими») пешниҳод гардид, ки кормандони дар рушди соҳа саҳми арзанда гузошта дар арафаи ҷашни Истиқлол мукофотонида шаванд.
Дар анҷоми мулоқот Президент Шавкат Мирзиёев бо сармоягузорон ва соҳибкорон суҳбати ошкоро анҷом дода, фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои онҳоро шунид.
Бо ҳамин Сарвари давлат сафари худро ба ноҳияи Паркент анҷом дода, ба Тошканд баргашт.