Дар фурудгоҳи
байналмилалии пойтахти Беларус роҳбари давлати моро Сарвазири Ҷумҳурии Беларус
Александр Турчин, вазири корҳои хориҷӣ Максим Риженков ва дигар шахсони расмӣ
пешвоз гирифтанд.
Ба ифтихори меҳмони
олимақом парчамҳои давлатии ду кишвар барафрохта шуда, қаровули фахрӣ саф
кашид.
Тибқи барномаи сафар, рӯзи
9 июл музокироти сатҳи олӣ байни Ӯзбекистон ва Беларус баргузор мегардад.