Дар маросим тавассути теленавор директори генералии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ Рафаэл Гросси низ иштирок намуд.
Сарвари давлат ба Владимир Путин ва Рафаэл Гросси барои дастгирии шахсӣ ва таваҷҷуҳи махсус ба татбиқсозии ин лоиҳа изҳори сипос кард. Ҳамчунин ба мутахассисони Ӯзбекистон ва Русия, ки дар бунёди аввалин неругоҳи атомӣ дар кишвар саҳм мегиранд, барои талошҳои муштарак ва касбияти баланд миннатдорӣ баён гардид.
Таъкид шуд, ки амалисозии ин лоиҳа марҳилаи нави рушди технологӣ, саноатӣ ва илмии Ӯзбекистонро оғоз бахшида, барои ташаккули соҳаи нав – энергетикаи атомӣ замина фароҳам меорад. Лоиҳа дастовардҳои навтарини тавлиди неруи атомии модулӣ ва энергетикаи бузургҳаҷмро дар худ таҷассум намудааст.
Роҳбари Ӯзбекистон махсус таъкид кард, ки амният шарти мутлақ ва бебаҳси лоиҳа мебошад. Корҳои сохтмон ва омодасозии неругоҳ барои истифода тибқи стандартҳои муосири байналмилалӣ, роҳҳалҳои пешрафтаи муҳандисӣ ва таҳти назорати доимии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ амалӣ мегарданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки татбиқи ин лоиҳаи бузург ва натиҷаҳои он ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии фарогир ва ҳампаймонии миёни Ӯзбекистон ва Русия мусоидат хоҳад кард.